Пайвандҳои дастрасӣ

Нороҳатии пизишки рус аз вазъи муҳоҷирон дар Русия


Геннадий Онишенко, сарпизишки давлатии умури беҳдоштии Русия дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав вазъи муҳоҷирон дар Русияро ғуломона номид.

Вай гуфт, дар ҳоле, ки қонунисозии муҳоҷирати корӣ аломати ҷомеъаи мутамадин ба шумор меравад, феълан дар Русия теъдоди бузурги одамоне ба сар мебаранд, ки ҳомили ҳама гуна аломатҳои бардагиянд. Аломатҳои ин ҷомеъаи ғуломдорӣ маҳз дар Маскав бештар мушоҳида мешавад.

Геннадий Онишенко гуфт, ин одамон аз хидмати тиббӣ бархурдор нестанд ва шароити зиндагии онҳоро ба вазъи зиндагии инсон наздик номидан хатост. Касе барои табобат ба онҳо пул намедиҳад, агар дар ҷои кор маҷрӯҳ шаванд, онҳоро аз кор меронанд, зеро бима надоранд. Ӯ гуфт, аз вазъи сиҳатии муҳоҷироне, ки дар риштаи хидматрасонӣ кор мекунанд, огоҳ нестанд, дар ҳоле, ки бино бар ҳарфи ҷаноби Онишенко, дар байни онҳо маризони сил ва Спид метавонанд бошад.

Сарпизишки умури беҳдоштии Русия ҳалли мушкилоти муҳоҷирати ғайриқонуниро муҳимтарин вазифа барои Русия номид.

Ин дар ҳолест, ки муҳофизи ҳуқуқ аз ҷунбиши «Русияи бидуни ирқпарастӣ» Александр Винников мегӯяд, маҳз ҳамин мақомот аст, ки ба ҷои қонунҳои соддасозии ҳузури расмии муҳоҷирон қонунҳои бадномкунандаи муҳоҷиронро эҷод мекунанд , муҳоҷиронро хатари афзоянда барои амнияти Русия муаррафӣ менамоянд ва гурӯҳҳои бегонаситезро бар зидди онҳо бармеангезад.

Муҳофизи ҳуқуқ бо ишора ба гирудори шадиди муҳоҷирони гурҷӣ мегӯяд , мақомоти Русия сиёсати зидди муҳоҷиратии худро маҳз тайи соли равон бештар ошкор карданд.

Миёни муҳоҷирони бешумори Русия теъдоди бузурги тоҷикон низ дар ҳоли беҳуқуқӣ ба сар мебаранд ва аз ҳеҷ гуна ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла, табобат бархӯрдор нестанд. Бино ба охирин омор, тайи соли равон 71 тан аз муҳоҷирони кории тоҷик бар асари бемориҳои гуногун ҷони худро аз даст додаанд.

Ва аммо сарпизишк Геннадий Онишенко на дар бораи маргу мири муҳоҷирон, балки бештар дар бораи хатари 14 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ба амният ва саломатии мардуми Русия сӯҳбат кардааст.
XS
SM
MD
LG