Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Transparency Int.": "Пулис аз ҳама бештар пора мегирад"


"Падидаи ришваситонӣ дар саросари олам вуҷуд дошта, афсарони полис беш аз ҳар каси дигар пора мегиранд".

Чунин будааст хулосаи пажӯҳиши солонаи созмони байналмилалии "Транстпаренсӣ Интернешнл", ки дар қароргоҳи марказии ин муассисаи дар Берлин ба табъ расид.

Аз муаллифи гузориши " Мизони фасод дар соли 2006-ум" хонум Робин Ҳодесс, раиси бахши пажӯҳишҳои сиёсии "Транспаренсӣ Интернешнл" мепурсам, чаро шумо афсарони полис, шахсонеро, ки вазифаашон аз ҷумла мубориза бо фасод аст, фосидтарин афроди олам унвон додаед?

"Зеро порахӯрии пулис ҳаёти рӯзмарраи мардумро талх мекунад. Мардуми корафтода бояд кореро ба сомон расонанд. Онҳо дар кӯча ва ё идора бо пулис рӯ ба рӯ мешаванд. Хуллас, вақте онҳо ба идорае барои ҳалли кадом коре муроҷиат мекунанд, пулис ниҳодест, ки беш аз ҳар идораи дигар ба ришваситонӣ майл нишон медиҳад. Ба фикри мо, ин амал хеле ҳам нигаронкунанда аст ва он ба ҳукми одилона дар саросари олам халал мерасонад."

Дар ҳамин ҳол, «Транспаренсӣ Интернешнл" эътироф кардааст, ки аз рӯи миқдори ришва полис дар ҷои сеюм аст.

Ба гуфти хонум Робин Ҳодесс ҳокимияти қонунгузор ва низоми адлия барои ба истилоҳ корбудкунӣ ришваи бузургтарин меситонанд.

Дар назархоҳии «Транспаренсӣ Интернешнл», ки дар 66 кишвари олам ва аз ҷумла се ҷумҳурии собиқ шӯравии Русия, Украина ва Молдова доир шудааст, аксари ширкаткунандагон гуфтаанд, ки ба талошҳои ҳукумат дар мубориза бо фасод эътимод надоранд. Муаллифи гузориши «Транспаренсӣ Интернешнл» дар ин бора меафзояд:

"Беш аз сеяки ширкаткунандагон гуфтанд, ки ҳукумат дар муқобили фасод муборизаи муассир намебарад. Ҳатто баъзеҳо иброз доштаанд, ки ҳукумат фасодро ташвиқ мекунад. Ба хусус дар Украина бист дар сади иштироккунандагони назархоҳӣ гуфтанд, ки аслан ҳукумат худаш сарчашмаи фасод аст. "

Мубориза бо фасод дар аксари ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳукумат арзёбӣ мешавад. Дар ҳукумати нави Тоҷикистон ниҳоди хосе барои решакансозии ришвахорӣ ташкил шудааст. Аммо таҳлилгари тоҷик Абдуғаффори Камол дар сӯҳбат бо манн гуфт, ки ӯ ба коҳиши назарраси фасод дар Тоҷикистон эътимоди зиёд надорад.

Ва аммо дар чунин ҳол чӣ иқдоме метавонад вазъро тағйир диҳад ва на танҳо дар Тоҷикистон? Посухи ин суолро аз Робин Ҳодесс, раиси бахши пажӯҳишҳои сиёсии «Транпаренсӣ Интернешнл» пурсон мешавам:

"Қабл аз ҳама мансабдорони интихобшуда, қонунгузорон, порлумон ва ҳизбҳои сиёсӣ бояд шаффофияти корашон ва ҳисобот дар назди мардумро бознигарӣ кунанд. Онҳо бояд дар бораи сарчашмаи маблағҳояшон иттилоъи дақиқ диҳанд. Ба истилоҳ, ибтидо хонаашонро поксозӣ кунанд. Сипас ҳадафҳои мубориа бо фасодро муқаррар намоянд. Ин ҳадафҳо бояд воқеӣ бошаду мардум иҷрои онро эҳсос кунад. "

Дар поёни сӯҳбат хонум Робин Ҳодесс таъкид кард, ки ҳангоми арзёбии масъалаи фасод набояд нақши бахши хусусиро фаромӯш кард. Пораи калонтарин аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони хусусӣ пардохта мешавад ва таъмини шароити муносиби фаъолияти онҳо зарурати додани ришваро аз байн мебарад.
XS
SM
MD
LG