Пайвандҳои дастрасӣ

Мизи мудаввар: Ҳуқуқи ҷавонон


Баъд аз даҳшатҳои ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо одам зери шароити бадтарини зиндагӣ фурӯ рафтанд, бераҳмона, бо шиканҷа ба қатл расонида шуданд, Созмони милал соли 1948 Эъломияи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид. Дар ин ҳуҷҷат, ки аз 30 модда иборат аст, ҳуқуқи муҳимтарини инсон, новобаста аз мансубият ба ин ё он дин, нажод, ранги пӯст, ҷамъоварӣ шудааст.

Мо дар ин сӯҳбати сари мизи мудавварамон оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва ба вижа кӯдакону ҷавонон дар ҷомеъаи Тоҷикистон сӯҳбат мекунем.

Чанд сол аст, ки ҳукумат ва созмонҳои байналмилалию маҳаллӣ дар самти боло бурдани маърифати ҳуқуқии одамон ва пешгирии нақзи ҳуқуқ барномаҳои мухталифро роҳандозӣ мекунанд ва аммо то ба ҳол поймолшавии ҳуқуқи ҷавонон ба назар мерасад. Чаро?

Бо мо бошед ва андешаҳоятонро иброз доред.

Javononiozodi@rferl.org

Занг занед:

224 08 77

Вобаста

XS
SM
MD
LG