Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи таҳқиқи қазияи Литвиненко дар Олмон


Мақомоти Олмон мегӯянд, нишонаҳои радиатсия ва ё ташаъшуъе, ки дар чандин минтақа ошкор шудааст, ба таври возеҳ ба полониум будани он ишора мекунад. Аз ин маҳалҳо шахсе дидан кардааст, ки бо собиқ ҷосуси рус Александр Литвиненко тамос гирифтааст. Дар ҳамин ҳол додситонҳои олмонӣ нисбати Дмитрий Ковтун таҳқиқотеро шурӯъ кардаанд, ки мегӯяд у моҳи октябри соли ҷорӣ зимни боздидаш аз Ҳамбург ба паҳн кардани заҳри радиоактиви полониум машғул будааст.

Аммо дар ҳамин ҳол додситони баландпоя Мартин Коеҳнке гуфтааст Ковтунро ҳанӯз дар куштори Литвиненко муттаҳам намекунанд. Литвиненко рӯзи 23 - ноябри имсол аз таъсири полониум 210 дар Лондон даргузашт. Ковтун бо ӯ дар Лондон рӯзи 1-ноябр, муддате пеш аз бемории Литвиненко мулоқот карда буд.

Худи Ковтун ҳам тибқи гузоришҳо заҳролуд шуда феълан бемор будааст. Дар ҳамин ҳол рӯзи якшанбе дар мусоҳиба ба як нашрияи ғарбӣ ҳамсари Литвиненко гуфтааст, ки ба эътимоди ӯ дар куштори шавҳараш мақомоти Русия метавонистанд нақш дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG