Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарабоғи Кӯҳӣ мехоҳад давлати мустақил бошад


Имрӯз дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳии Озарбойҷон сарқонуни нави ҷудоихоҳони арманитабор мавриди назархоҳии умумӣ қарор мегирад. Ин нахустин раъйдиҳӣ дар 15 соли эълони истиқлолияти минтақа ва 16 соли ҷудоии амалии он аз Озарбойҷон аст.


Дар пешнависи қонуни асосӣ Қарабоғи Кӯҳӣ давлати мустақил ва соҳибихтиёр эълон мешавад, ҳарчанд маъмурияти ҷудоихоҳон эътирофи байнулмилалӣ ба даст наовардааст. Ҳукумати Озарбойҷон, ки мехоҳад, минтақаро аз нав зери назорати худ дароварад, ин референдумро ғайриқонунӣ ва ихлол ба ҳалли осоиштаи низоъ номид.


Ихтилоф миёни аҳолии арманитабор ва озарбойҷонии вилояти мухтори Озарбойҷон дар соли 1987 сар шуда, соли 1991 ба низоъи мусаллаҳона табдил ёфт ва пас аз пирӯзии нирӯҳои муштараки Қарабоғ ва Ҷумҳурии Арманистон дар соли 1994 тарафҳо созишномаи оташбасро имзо карданд. Соли 1992 Қарабоғи Кӯҳӣ худро мустақил эълон кард, вале ягон давлати ҷаҳон онро ба расмият нашинохтааст.
XS
SM
MD
LG