Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони тилои Дилшод Назаров


Аввалин бор дар таърихи ширкати худ дар Бозиҳои Осиё, аз соли 1994 то имрӯз, варзишгарони тоҷик ба ҷоизаи тилои ин мусобиқот даст ёфтанд. Пирӯзиии гурзафкани 24-сола Дилшод Назаров дар сабқати рӯзи ҷумъаи 8-уми декабр, ба Тоҷикистон имкон дод, аз ҷойи пешазохирини ҷадвали мусобиқа ба ҷойи 23-юм барояд, ки аз бисёр кишварҳо, монанди Қирғизистону Туркманистон ва Афғонистону Покистон болотар аст.


Бо вуҷуди борони сахт дар Дуҳои Қатар, Дилшод тавонист, гурзро дуртар аз ҳама, ба масофаи 74 метру 43 сантиметр партояд. Вай ба хабарнигори Ройтерз гуфтааст, "солҳо интизори ин лаҳза буд ва ба ин лаҳза омодагӣ мегирифт."


Ноиби раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон Наргис Набиева ба радиои Озодӣ гуфт, дарвоқеъ Дилшод муддати зиёде дар Украин машқ кард ва ду моҳи охир дар яке аз марказҳои варзиши Ӯзбакистон таҳти назорати қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Барселона, варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев тамрин дид.


То нишони тилои Назаров, дастаи Тоҷикистон фақат як медали биринҷӣ дошт, ки дзюдоисти тоҷик Расул Боқиев ба даст овард.
XS
SM
MD
LG