Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар сӯхтори бемористони Маскав 45 нафар ба ҳалокат расид


Дар сӯхтор дар шифохонаи беморони нашъaмандӣ дар ҷанубу ғарби шаҳри Маскав, пойтахти Русия, тибқи хабарҳо 45 нафар ба ҳалокат расидаааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, 10 нафар захмӣ шудаанд.


Сӯхторнишонҳо наздик ба 160 нафарро наҷот додаанд. Аммо сухангӯи Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Русия Ирина Андриянова гуфт, шумораи наҷотёфтагон беш аз 200 нафар аст. Вай мегӯяд, аксарияти беморон аз нафас кашидани заҳре, ки бар асари сӯхтор ҳаворо пур кард, ҳалок шудаанд.


Мақомоти Маскав мегӯянд, сӯхтор дар бинои қадимаи панҷқабата соати якуними шаб сар зада, мавҷудияти ҳамагӣ як баромадгоҳ ва панҷарабанд будани тирезаҳо имкони наҷоти беморонро кам кардааст. Барои хомӯш кардани оташ 20 мошини сӯхтонишон ба ҷои воқеъа омадааст. Юрий Ненашев, яке аз сарони Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Русия ба хабарнигорон гуфт, тибқи пажӯҳишҳои пешакӣ, сӯхтор як амали тарҳрезишуда будааст.
XS
SM
MD
LG