Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи минтақавии Interpol: Тоҷикистон аз он чӣ мададе мехоҳад?


Ин нишасти дурӯза пушти дарҳои баста доир шуд ва мақомот аз ироаи ҳар навъи ҷузъиёти ин нишаст худдорӣ карданд. Искандар Раҷабов- раиси намояндагии Интерпол дар Тоҷикистон ба таври хеле фишурда гуфт, ки ин нишаст дар доираи як барномаи муштараки Интерпол ва кишварҳои минтақа сурат гирифтааст. Аммо тибқи иттиллои манобеи наздик ба идороти интизомии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои матруҳа дар ин нишаст масъалаи боздошт ва таҳвили атбои ин кишварҳо будааст,ки тавассути Интерпол таҳти пайгард қарор доранд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қаблан эълом карда буд,ки исми беш аз сад тан аз атбои ин кишварро,ки барои иртикоби ҷароими сангин муттаҳам шинохта мешаванд ба Интерпол маълум карда, хостори боздошт ва истирдоди онҳо шудааст.


Манобеи наздик ба мақомоти интизомӣ таъйид мекунанд,ки дар миёни ин афрод исми чанде аз аъзои пешини ҳукумати Тоҷикистон ва низомиёни собиқи он будааст, ки ҳоло дар хориҷ аз мамлакат ба сар мебаранд.
Ба иттиллои ҳамин манобеъ масъулини интизомии Тоҷикистон аз Интерпол дигарбора дархост кардаанд,ки дар боздошт ва таҳвили Хӯҷа Каримов,ки гуфта мешавад ҳоло дар Малайзия ба сар мебарад, мусойидат кунанд. Зеро Тоҷикистон бо Малайзия асноди ҳуқуқӣ дар ин заминаро ба тасвиб нарасонидааст ва танҳо дар доираи узвияташ ба созмони Пулиси байналмилал метавонад ин масъаларо ҳал кунад.


Каримов аз фармондеҳони аршади Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, бо ба қудрат расидани намояндагони ин ҷабҳа дар соли 1995 вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Аммо дар соли баъдӣ салоҳияти вакилии ӯ лағв карда шуда мақомоти интизомии кишвар ӯро ба иттиҳоми гаравгонгирӣ, ғорат ва куштор боздошт карданд. Қабл аз фирораш аз кишвар раёсати федерасиюни футболи Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG