Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯдаке бо аробаи сангини зиндагӣ


«Аробаааю ароба назанат, аробааа»

Баробари ворид шудан ба бозори Шоҳмансур дар Душанбе назарам ба як навраси 14 сола афтид, ки дар ҳамин ҳавои сарди зимистон бо чунин доду фарёд кӯшиш мекард, аробаи пурбори худро аз як гузаргоҳи танги бозор ба зудӣ берун орад, то боиси нороҳатии мизоҷаш нагардад ва боз аз паи дарёфти муштарии дигар шавад.

Ин наврас, ки Фирӯз ном доштааст, се сол боз ҳар рӯз ба ҳамин ҳол субҳи барвақт бо ароба ба коргоҳаш, яъне бозор ҳозир мешавад ва то соати ҳашти шом бор мекашонад. Ба ин тарз, ӯ ба қавле рӯз мегузаронад. Фирӯз мегӯяд, волидони пираш ҷое кор намекунанд. Падари ӯ ба маризии саратон гирифтор буда, модараш ҳам имкони кор карданро надоштааст. Ҳарчанд дар оила ҳафт нафаранд, вале таъмингари аслии оила худи Фирӯз аст.

«Барои он, ки мисли дигар бачаҳо либос пӯшам ва бо дигарон баробар бошаму оилаамонро таъмин кунам, кор мекунам, меҳнат мекунам. Мактаб ҳам намехонам аз баҳри ҳама чиз гузаштаам, то кор кунаму дуои падару модарамро гирам.»

Барои кори Фирӯз зимистон чандон мавсими хубу даромаднок набудааст. Сардӣ ва кам будани мизоҷон ӯро хаста ва нороҳат мекунад. Вале сарфи назар аз ин, ӯ маҷбур аст, мунтазири мизоҷ аз субҳ то бегоҳ биистад. Ӯ мегӯяд, кашонидани бори аз 5 то 400 кило дар ин фасли сармо барояш осон нест, даромади як рӯзааш 25 сомонӣ будааст.

«Дар тобистон кор хубтар аст. Дар зимистон ҳам клиент камтар аст, ҳам хеле хунук мехӯрем. Бо дастони хунукхӯрда тела кардани аробаро намегӯед. Хайр азоб мекашему маҷбурем.»

Фирӯз аксаран аз кор хеле хаста ба хона бармегардад то дараҷае, ки дигар гуруснагиашро ҳам фаромӯш мекунад

«Баъди бозор монда мешавам, пойҳоям дард мекунанд. Хоб мерам очам мега хез хӯрок хур, лекин дигар наметавонам.»

Ин мусоҳиби наврасам, ки аз таҳсил дур аст, мегӯяд, нақша дорад оянда роҳ суйи Русия бигирад. Вале барои дигар ҳамсолонаш орзу мекунад, ки ҳеҷ гоҳ зиндагӣ ва наврасие мисли наврасии ӯ насиби онҳо нагардад.

«То вақте ки падару модарашон солиманду кор мекунанд, онҳо ҳамеша аз паи таҳсил бошанд, вақти худро беҳуда нагузаронанд ва мисли ман бесавод намонанд.»

Зимнан, танҳо дар ин бозоре, ки Фирӯз машғули дарёфти ризқу рузӣ ҳаст, ба мисли ӯ кӯдакону наврасони зиёди дигареро дидан мумкин аст, ки бо корҳои гуногун мисли халтафурӯшӣ, аробакашӣ, мошиншӯйи ва тоза кардани пояфзол машғуланд. Бино бар иттилои анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон рӯз то рӯз шумори кӯдакони коргар дар ин кишвар бештар мегардад. Тибқи назарсанҷии ахири маркази Шарқ ҳоли ҳозир 40 дар сади кӯдакони ноболиғи тоҷик дар бозорҳо ба кори сиёҳ ҷалб шудаанд, 80 дар сади онҳо аз синни 10 солагӣ бо навъҳои гуногунӣ хидматгузорӣ машғуланд.
XS
SM
MD
LG