Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои Осиёӣ: Чин пешсафи ягона аст


То замони пахши гузориши мо Чин бо касби 161 медал, минҷумла 91 нишони тилло мисли пешин дар ҷойгоҳи аввал аст. Ҳамчунин, аз ҳашт рекорди ҷаҳонии дар ин бозиҳо гузошташуда, ҳафтоаш ба варзишгарони Чин мансуб аст. Онҳо дар риштаи вазнбардорӣ шаш рекорд ва дар риштаи тирандозӣ як рекорди ҷаҳонӣ гузоштаанд.
Як рекорди дигари ҷаҳонӣ дар риштаи вазнбардорӣ ба намояндаи Тайланд марбут аст.

Ҳоло Ҷопон бо 98 медал, минҷумла 27 нишони тилло дар мақоми дуввум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 89 медал, аз он ҷумла 19 нишони тилло дар мақоми севвум қарор гирифтаанд. Қазоқистон бо 41 медал, минҷумла 10 нишони тилло дар ҷойгоҳи чаҳорум мебошад. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Узбакистон бо 8 медал - 2 нишони тилло ва 6 биринҷӣ дар мақоми 13-ум, Қирғизистон ва Туркманистон ҳар кадом бо як медали нуқра дар мақоми 25-ум қарор доранд. Афғонистон ва Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ мақоми 29-умро касб кардаанд.Тими мунтахаби Ирон бо касби 8 медал - 1 тилло, 5 нуқра ва 2 биринҷӣ дар мақоми 16-ум қарор гирифтааст. Як медали тиллои Иронро вазнбардори машҳури ҷаҳон Ҳусейн Ризозода бо натиҷаи умумии 425 килограмм ба даст овардааст. Умуман, то ҳоло варзишгарони 34 кишвари қора ҳамагӣ 575 медал гирифтаанд.

Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон дар бораи натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мо аз варзишгарони худ дар риштаҳои бокс, таэквон-до, варзиши сабук, каратэ ва камонварӣ натиҷаҳои назаррасро чашмдорем. Шералӣ Маҳмадалиев ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс, ки ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтаанд, барои медалҳои Бозиҳои Осиёӣ мубориза мебаранд. Вале ду нафар намояндаи Тоҷикистон дар риштаи таэквон-до - Исломиддин Фозилов ва Насҳиддин Ворисов пас аз пирӯзӣ дар даври аввал дар марҳалаи баъдӣ мағлуб шуданд. Кристина Коробко дар нахустин рақобати худ аз варзишгари қазоқ шикаст хӯрд. Дар айни ҳол боз ҳафт таэквондочии мо ба рақобатҳо шурӯъ карданд.
Вале, мутаассифона, барои сари вақт ҳозир нашудани даванда Шокирҷон Ирматов ва ду намояндаи мо дар риштаи гуштии фарангӣ ба бозиҳо, бинобар таъхири ҳавопаймо,онҳо аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум шуданд.»

Понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар то рӯзи 15 декабр идома хоҳад кард.

Ва як хабари кӯтоҳ. Бино ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон тими мунтахаби ин кишвар бо шумули 12 нафар дар чордаҳумин давраи мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми Пётри Кабир, ки рӯзҳои 9 ва 10 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG