Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари хабарнигорони тоҷик ба Афғонистон


Як ҳайати хабарнигорон аз расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳамтоёни афғони худ озими Кобул- пойтахти Афғонистон шудааст. Нуриддин Қаршибоев-раиси Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар раъси ин ҳайат қарор дорад, гуфт Тоҷикистон ва Афғонистон ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон, ки даврони ҷанги дохилиро пушти сар кардаанд дар заминаи фаъолияти расонаҳои гурӯҳӣ ва озодии баён мушкилоти муштарак доранд.


Мақомоти ин ду кишвар ба таъбири оқои Қаршибоев дар роҳи густариш ва равнақи матбуъоти мустақил ва озодии баён бо шеваҳои мухталиф мавонеъи маснуъӣ эҷод мекунанд. Қаршибоев дар ин замина бархе аз иқдомоти ахири Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ҷиҳати маҳдудсозии озоди баён ёдовар шуд, ки боиси нигаронии хабарнигорони ин кишвар шуда, дар сатҳи байналмилал низ сарусадоҳо ба бор оварда буд.


Раиси Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон илова кард, ки ӯ ба унвони масъули як созмони хабарнигорӣ ҳамчунин дар назар дорад бо созмонҳои мушобеҳи Афғонистон тарҳи равобити дуҷонибаро пайрезӣ кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун ҳеҷ яке аз расонаҳои гурӯҳӣ ва радио ва телевизиони Тоҷикистон дар Афғонистон ва баракс Афғонистон дар ин кишвар намояндагӣ надорад.


Сафари ҳайати рӯзноманигорон ба Афғонистон, ки як ҳафта идома хоҳад дошт бо мусоидати молии Бунёди амрикоии пуштибонӣ аз демократия сурат гирифтааст.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG