Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми марбут ба қатли Сарсенбоев бе тағйир боқӣ монд


Додгоҳи Олии Қазоқистон ҳукми қаблии додгоҳи вилояти Алмаато дар робита ба муттаҳамони куштори Олтинбек Сарсенбоев ва ёварони уро бидуни тағйир боқӣ гузошт ва дархости додхоҳиро напазируфт.


Вале намояндагони ҷабрдида - хешовандон ва ҳамсафони Олтинбек Сарсенбоев ва ду ёвари вай -- Боурҷон Бойбусин ва Василий Журавлев рӯзи ҷумъа баъди ба таври ғайримунтазира қатъ кардани бозрасии қазия ба нишони эътироз толори додгоҳро тарк карда буданд ва ҳукми Додгоҳи Олӣ бидуни ширкати онон содир шуд.


Тавре ки Петр Своик -- вакили мудофеъи ҳамсари Олтинбек Сарсенбоев ба радиои Озодӣ гуфт, ҳам ҷониби ҷабрдида ва ҳам муттаҳамон фармоишгари куштор будани Ерҷон Утембоевро рад карданд, ки чунин мавқеъгирӣ дар таҷрибаи додгоҳ камназир аст. Бародари Олтинбек Сарсенбоев ин ҳамфикрии ҷонибҳоро кушиши онон барои дарёфти ҳақиқат ва адолат хонд. Вале ба таъкиди вай ҷои таассуф аст, ки Додгоҳи Олӣ - баландтарин мақоми додгоҳ қазияро одилона ва мунсифона ҳал накард.

Олтинбек Сарсенбоев - ҳамраиси Ҳизби Нағз Акжол ва яке аз чеҳраҳои саршиноси мухолифин ва ду ёвари вайро 11 -феврали соли равон дар Алмаато рабуда, баъд ба қатл расонида буданд. Дере нагузашта муттаҳамони ин куштор аз ҷониби пулис боздошт гардиданд ва додгоҳи вилояти Алмаато дар шаҳри Талдикурғон баъди мурофиаи дуниммоҳа дар ин куштор даҳ нафар, ба шумули Ёрчон Утембоев- сарвари дафтари Сенат ва 5 нафар афсарони дастаи низомии Аристонро, ки дар тобеъияти Кумитаи амнияти миллии кишвар аст,гунаҳгор донист.


Бо ҳукми додгоҳ Ёрҷон Утембоев чун фармоишгари куштор ва Виталий Мирошников чун муттаҳам ба куштору одамрабоӣ ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буданд. Рустам Иброҳимов-корманди пешини пулисро додгоҳ созмондеҳ ва иҷрокунандаи бевоситаи ҷиноят дониста маҳкум ба қатл кард. Ҳафт нафари дигари ширкаткунандагони ин ҷиноят ба муддатҳои аз 3 то 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Насибҷон Амонӣ,Алмаато
XS
SM
MD
LG