Пайвандҳои дастрасӣ

Захмӣ шудани шаҳрванди узбак дар марзи Тоҷикистону Узбакистон


Ба иддаъои марзбонони Ӯзбакистон ҳамтоёни тоҷики онҳо дар сарҳади миёни ин ду кишвар як шаҳрванди Ӯзбакистонро ҳадафи тир қарор дода, ӯро маҷрӯҳ кардаанд.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли мақомоти расмии Ӯзбакистон навиштааст,ки марзбонони Тоҷикистон ба сӯи як сокини вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон, ки дар ҷазирае хурде дар миёни рӯдхонаи Сир саргарми моҳигирӣ будааст, тир андохтаанд.

Доир ба замони вуқӯъи ин ҳодиса чизе гуфта нашудааст, вале имрӯз бахши навбатдории раёсати нерӯҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса изҳори беиттилоӣ карданд.
Вале гуфтанд хабари мазкурро пайгирӣ ва аз тафсилоти он иттилоъ хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG