Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салом, Руанда!


Дуруди бепоён ба ҳамнафасони азиз!
Банда беш аз як моҳ дур аз шумо будам, вале ҳар куҷо будам ба ёди шумо нафас мекашидам ва аз ҳамнафасиҳои гузашта меболидам. Ҳоло баргаштам ва боз бо шумо хоҳам буд, то замоне нафас ҳаст. Ман ба як сафари хаёлӣ ба Руанда рафтам ва фикр кардам, чаро мо аз фоҷиае ки дар ин кишвар бо бани одам рўй дод, хабари кофӣ надорем? Шояд барои он ки низоъи Руанда тақрибан ҳамзамон бо хунрезиҳои Тоҷикистон ба авҷ расид ва он замон дарди худи тоҷикон сахттар аз ҳама чизи дигар буд? Шояд Африқо аз мо ин қадар дур аст, ки наметавонем, онро дарк кунем? Оё медонем, ки ҷангҳо дар ҳама кишварҳо ин қадар ба ҳам шабеҳанд ва сулҳҳо ин қадар гуногун? Оё онҳое ки дард кашидаанд, дарди дигаронро ҳам мисли дарди худ ҳис карда метавонанд? Хулоса, ин сафари хаёлии ҳамнафаси шумо ба кишвари хурдакаки Африқо суолҳои зиёдеро ба миён овард, ки акнун мехоҳам, посухи онҳоро ҳамроҳ ҷустуҷӯ кунем. Фурсат доред? Омодаед? Оре, фурсат доред, ки то сари ҳафтаи оянда фикру андешаи худро дар ин бора ба мо нависед. Беҳтарини онҳоро дар барнома ҷой хоҳем дод.

Нишонаи мо, ҳамоне ки буд: Hamnafas@rferl.org ва ё Tajik@rferl.org
Лутфан, ном, синну сол ва касби худро, агар мехоҳед, зикр кунед.
Бо ишқу муҳаббат, ҳамнафаси шумо.

---------------------------------------------------------------

Аввалин нома:

Низоъҳои Руанда ва Тоҷикистон дар авохири асри бист воқеан шабеҳи ҳамдигаранд, аммо сарнавишти мардуми мо ва Руанда имрӯз чӣ тафовут доранд? Оё дар Руанда низ муҳоҷирати корӣ мисли Тоҷикистон роиҷ аст ё зиндагии мардуми он ҷоро ба ҳар ҳол беҳтар гуфтан мумкин?

Нигина, 27-сола, корманди гумрук, ш.Душанбе
---------------------------------------------------------------

Номаи дигар

Салом ҳамнафасони азиз.
Бале, воқеъаҳои Руанда дар миёнаҳои солҳои 90-ум ба воқеъаҳои Тоҷикистон шабоҳати хеле зиёд дошт. Дар он ҷо чун дар Тоҷикистон, ба воситаи дасисаи хориҷиён ( махсусан франтсузҳо) ва бетарафии ташкилотҳои байналмилалӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки дар натиҷаи он дар муддати хеле кӯтоҳ ( 3-4 моҳ) қариб 900 000 нафар кушта ва бештар аз 2 млн. гуреза шуданд. Ман ёд дорам, ки дар ҳамон давраҳо вазъи Тоҷикистонро баъзан ба вазъи Руанда муқоиса мекарданд.


Имрӯз, шукри Худо, вазъ чи дар Руанда ва чи дар Точикистон ором аст.Мо бояд шукронаи онро кунем, ки он рӯзҳо дигар ҳеч вақт на ба сари мардуми тоҷик ва на ба сари қабилаҳои офатзадаи Руандау дигар миллатҳо
наоянд.
Бо эҳтиром Маҳмадраҳим
XS
SM
MD
LG