Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ афсӯс мехӯред?


Паёми бештар ин ҷост.
Ва ҳам ин ҷо.

Ҷои ягон афсӯс хӯрдан нест. Ҳамон Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар давраи ҳукмронияш ҳуқуқи тҷчиконро нодида мегирифт ва моро аз бузургтарин шаҳрҳои аҷдодиямон маҳрум сохт. Шӯравӣ Тоҷикистонро ҳамчун манбаи ашёи хом истифода бурд, ягон корхонаи бузурги саноатӣ насохт, ки мо имрӯз аз натоиҷи он душворӣ мекашем.

Тоҷиддин
---------------------------------------

Аз як сӯ хуб шуд, ки Шӯравӣ пош хурд. Аммо аз сӯи дигар, аз ин амри замон хеле мутаассифам. Падару бобои ман ва худи ман низ таҳсилдидаи мактаби шуравием. Бо тамоми буду набудаш, бо тамоми бурдҳову костагихо Шӯравӣ моро ҳамқадами замон кард.

Тасаввур кунед, ҳокимияти пештара намеомад, моро аз худ намекард, пас имруз мо дар чи ҳолат қарор доштем?. Афғонистон - 2 ?. Оё Шумо инро мехостед?
Русия намегирифт ҳатман, боз мегӯям, ҳатман як абарқудрати дигар моро дар тасарруфи худ медаровард. Хуб, истиқлолиятро мо акнун ба даст овардем. Бидуни хунрезӣ ва харҷи мол. Алҳамдулиллоҳ. Аммо бо ба даст овардани он, бо сарҳуй мондани давлатмардони тоҷик, бубинед давлат ба чи ҳол расид. Ҳам ҷангаша дидем, ҳам фасодиву ва ҳам ғарибиро. Хубтараш дар Шӯравӣ мезистаму ин ҳамаро намедидам.
Шӯҳрат
--------------------------------------

Бо дуруд ба аҳли Тоҷикистони азиз!
Чаро афсӯс мехӯрдаем? Охир ҳамон давлати Русияи истибдодӣ буд, ки ҳамаи моро аз наслу аҷдодамон ҷудо кард. Тамоми маданияти фаҳшу фуҷурашро бар мо бор кард ва мои беақлу нодон осонакак онро қабул доштем. Гурҷиҳову арманииҳо ин корро накарданд. Онҳо ному насабашон дар ҳамон даврони шӯравӣ ҳам ба таври худашон буд. На "ов" доштанду на "ев". Аммо бо таассуф ҳоло ҳам Тоҷикистон истиқлолияти комил надорад. Бо гапи Русия корашро пеш мебарад. Шояд бо сари қудрат омадани ягон демократ Тоҷикистони мо обод шаваду ба насли худамон баргардем. Бо дуъо.
НУФАРН
-------------------------------------

Бисёр хушам меояд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Дар он давра барои сокинони деҳоти Тоҷикистон дар шаҳр ҷой набуд. Ҳама ҷойҳои гармро миллатҳои дигар гирифта буданд. Сабабгори ҳама нохушиҳои имрӯза низ ҳамон Иттиҳоди шӯравист.
Кантот
---------------------------------------

Давлати Шуравӣ, ба фикри ман, дар таърихи давлатдорӣ ва ҳастии тоҷикон нақши муҳим бозид. Худатон қазоват кунед, баъд аз пошхӯрии давлати Сомониён, тоҷикон дар ҳайати сулолаҳои Ғазнавиён, Қарахониён, Шайбониён ва баъдтар Манғитиён буданд, ки ҳамаи онҳо сулолаҳои турк буданд. Вале фақат баъди ташкили давлати Шӯравӣ тоҷикон, соҳиби "давлат" шуданд, дар нохунак ҳам бошад.

2. Сиёсати иҷтимоии давлати Шӯравӣ, фикр мекунам, ба нафъи тоҷикон буд, соҳаи бепули маориф ва тандурустӣ, ташкил кардани марказҳои маҳви бесаводӣ ҳатто дар деҳаҳои дурдаст, агар ягон кас шубҳа дошта бошад, биёед ба давлати Афғонистон назар кунед.

3. Ҳамаи халқиятҳои Шӯравӣ шаҳрванди як давлат буданд ва метавонистанд, озодона дар сартосари он иттиҳод рафтуомад кунанд. Мардум аз сиёсату сиёсатбозӣ дар канор буд.

Албатта, тарафҳои манфӣ ҳам буданд, аз қабили решакан намудани пояҳои миллӣ, урфу одат, забон, дин. Аммо ба фикри ман, чиҳатҳои хуб дар сиёсати давлати Шӯравӣ нисбат ба тоҷикон зиёдтаранд. Ва ба он бародароне ки имрӯз аз дини мубин ҳарф мезананду давлати Шӯравиро ба нест кардани дини Ислом муттаҳам мекунанд (ки ҳақиқатан ҳамин хел буд) муроҷиат карда гуфтаниам, ки дин бояд аз сиёсат ҷудо бошад. Як чизи муҳимро қайд бояд кард, ки дар тоърихи давлатҳои Осиёи Миёна афсӯс, хондани Қуръони маҷид ва омӯзиши дини Ислом дар мадрасаҳо, пеш аз Инқилоб, на боиси решакан шудани бесаводӣ, балки боиси зуҳуроти ифротгароии динӣ ва хурофоти мазҳабӣ гашта буд.
Ҳасти шуурро муайян мекунад, агар дағал карда гӯем, шикам сер бошад, одам оид ба ҳастӣ ва рӯҳи худ низ фикр хоҳад кард. Ва биёед, аз истифодаи принсипи "презентизм" яъне баҳо додан ба гузашта аз нуқтаи назари замон ва шароити ҳозира худдорӣ намоем.
Бо эҳтиром
Мақсад
-------------------------------------

Дуруд ба меҳанпарастони тоҷик ва хуҷаста бод ба ҳамаи Шумо ҳулули пурмайманати соли нави милоди. Бо ичозат аз шумо, мехостам мулоҳизоти хешро перомуни "фоҷиаи шикасти Иттиҳоди шӯравӣ" дар се сархати зерин иброз намоям:

1. Шикасти Иттиҳоди Шуравӣ -ногузир буд ва барои тоҷикон, ки ҳарчанд нақши фаъол дар ҳаёти сиёсии мардуми шуравӣ надоштанд, ХАДЯИ ТАЪРИХУ ТАҚДИР АСТ. Мо набояд мутаасиф аз шикасти давлати шуравӣ бошем, балки афсус аз он кунем, ки меҳру рафоқат миёни миллатҳо ва ақвоми ҷумҳуриҳои шӯрави дар як замони кӯтаҳ ба ҷаҳолат табдил ёфт.

2. Шикасти шуравиро тоҷикон бояд чун оғози раҳои аз занҷири колониализм ва зулму истибдод эътироф кунанд. Пас шикасти шӯравӣ намесазад, ки шоистаи ғуссаю афсуси точикон бошад, балки чун пайки озодии миллат бояд истиқбол шавад.

3. Тафаккури сиёсии миллати мо танҳо имруз пас аз 15 соли истиқлолият мачрои худро пайдо мекунад. Умед дорам, ки пас аз ду-се сол мо ба "фоҷиаи Иттиҳоди Шӯравӣ" бо назари дигар ва ақли солимтар таваҷҷӯҳ хоҳем кард.

Бо камоли маваддат ва арзи фархундагию тавфиқи рӯзафзуни шумо
Шакибо
--------------------------------------

Ба номи Худои тавоно
саломун алейкум кормандони хуби Радиои Озодӣ, банда аз шумо самимона ташаккур мекунам.
Банда ҳеч гоҳ аз фурупошии шӯравӣ ғусса намехӯрам чаро ки агар шӯравӣ пош намехӯрд, мо наметавонистем ба дигар кишварҳо сафар кунем ба чуз шурави, алҳамдулилоҳ шӯравӣ пош хӯрд мусулмонҳо озод шудан ва мо дини Исломи азизро ба хуби меомӯзем бе тарсу ларз ба масҷидҳо барои анҳоми намоз меравем. Касоне ҳастанд ки ғуссаи пошхӯрии шӯравиро мехӯрд ҳамон пирамардҳои коммунист ҳастанд ки муддате аз дунё мераванд ғуссахӯри ҳам аз байн меравад.
Бо эҳтиром
Абдусамади Раҳим
--------------------------------------

Дуруд ба ҳама! Ҳам ба онҳое, ки аз нону намаки Шӯравӣ ком ширин кардаанду ҳам ба нафароне, ки дар бораи давлати абарқудрати Шӯравӣ аз падаронашон шунидаанд. Ман замоне зода шудам, Шӯравӣ побарҷой буд ва 7 сол аз хавои он нафас кашидам... Оҳ, вақте се- чор солагиям ба ёдам меояд, дилам гум мезанад... Қуттиҳои лаболаби шакалоду мармалод, кандхои ирису кис-кису фучак, ин бозичаҳоро намегуед, як хона пур... Ҳавлиямон пури велосипедча... бечора бобоям, ки намехост гиряи маро бинад боз ҳар рӯз яктои дигар сари китф аз дар медаромад...Хулоса, афсӯс, ки хело кам аз ин хама хушиҳо баҳравар будам. Ана баъд сар шуд. 5 сол бо калуши қоқаку музаи латтагӣ дарс хондану бо ранги чернил рӯйи варақҳо навиштан.. Аммо ман ба ҳар сурат хостори истиқлолият будам ва ҳастам, шояд дар оянда беҳтар мешавад, шумо дар чи андешаед? Бо умеди булуғи як Шӯравии комил дар қалби шумо бо ду дастибар дуо-
НУФАРН-4
---------------------------------------

Салом, ҳамватанони азиз!
Пеш аз ҳама беҳбудии кишвари азизамонро аз Худованди пок таманно дорам.

Бале, шӯравй шикаст хўрд, аз ин хуш ҳастем, валекин афсўс, тақрибан дартамоми кишварҳои Иттиҳоди шўравии собиқ ҳамон ҳукуматдорони собиқ сари қудрат ҳастанд ва ҳарчанд номҳо дигар ҳамон фикрҳо ва одатҳои собиқ. Аз ин сабаб ягон пешравиҳо ва беҳбудиҳо дида намешавад ва хосатан дар Тоҷикистони азиз.
Ташаккур
Шаҳрванди Тоҷикистон
---------------------------------------

Ассалом. Ба ғайр аз коммунистон касе аз фурӯпошии шӯравӣ афсӯс намехӯрад, зеро демократ ва озодфикрон худ ҳис мекунанд, ки шукри Худо, аз зулми золимон ва доираи маҳдуде ки шӯравӣ барои мо гузошта буд, озод шудем, вагарна касе наметавонист, илми хориҷро аз худ кунад, ғайр аз он илме ки онҳо доштанд. Имрӯз, шукри парвардигор ҳама озод аст. Куҷое меравӣ, чи коре ки мекунӣ, ихтиёрат. Ба фикрам, онҳое ғамгинанд, ки низоми мавҷуда барояшон зиндагии осону муфту дуздона таъмин мекард. Озодӣ танҳо нав ба мардум расидааст.
Бо салом
Абуяъқуб
---------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест
XS
SM
MD
LG