Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Дилбар Қосимова - ҳунарпешаи саршиноси синамои тоҷик


Дилбар Қосимова, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон баъд аз бемории тӯлонӣ рӯзи ҳафтуми декабр дар Душанбе дар манзили худ, як ҳафта баъд аз таҷлили 70-умин зодрӯзаш даргузашт.


Аввалин нақши иҷрокардаи ӯ дар синамо барояш сарнавиштсоз шуд - нақши Нигина дар филми "Қисмати шоир" (ҳамроҳ бо Марат Орифов дар нақши шоир Рӯдакӣ) ӯро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта кард ва барояш роҳро дар нақшҳои дигар боз кард. Анвар Тӯраев, коргардони "Тоҷикфилм" ва аз дӯстони наздики хонум Дилбар Қосимова мегӯяд, ҳаводорони ҳунари ӯ хеле зиёд буданд, мардум дар хиёбонҳо ӯро нигоҳ дошта муҳаббати худро баён мекарданд, аммо вай ҳамеша канорагирӣ мекард, гӯё аз шӯҳраташ хиҷолат мекашид.


Чанд сол қабл аз нафақа, Дилбар Қосимова дар бахши дубляжи "Тоҷикфилм" кор мекард ва садои нарму ширинаш дар филмҳои русизабон, ки ба тоҷикӣ бозгардон шудаанд, шунида мешуд. Хонум Дилбар бемории қанд дошт ва нафақаи хурд ба зиндагияш намерасид.


Дилбар Қосимова, модари ду фарзанд ва ҳамсари коргардони синамо Равшан Тӯрабеков буд, ки ду соли пеш даргузаштааст. Духтари калониаш, ки ба хотири ҳамон нақши сарнавиштсози модараш Нигина ном гирифт, ҳоло дар Украина зиндагӣ мекунад. Заррина, духтари хурдии вай то охирин лаҳза дар назди модар будааст. "Бо даргузашти Дилбар як пора дили ман ҳам канда шуд", гуфт бо ҳасрат Анвар Тӯраев. Ҷанозаи ҳунарпешаи маҳбуби тоҷик рӯзи ҷумъа ба хок супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG