Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмонов пушти тахтаи шоҳмот


Эмомалӣ Раҳмонов пушти тахтаи шоҳмот нишастааст ва бо андешаи амиқ ба ҳаракати асп, рух, фарзин, пиёда ва шоҳ нигоҳ дорад. Ин аксро ҳафтаномаи «Азия Плюс» дар саҳифаи аввали худ ба ҷои сармақола ҷой додааст ва зери он навиштааст, муҳимтарин ҳодисаи ҳафтаи равон шакл гирифтани ҳукумати нави Раҳмонов мебошад. Интизорот чӣ гуна буд ва чӣ гуна анҷом ёфт? Манзур аз чопи ин акси рамзомез ин будааст, ки Раҳмонов дар таъини афрод ба мансабҳо аслан аз бозии шоҳмот кор гирифтааст.

«Миллат» аз қавли як коршиноси мустақил меорад, ки ҳадди ақал таи якуним соли ахир бо вуҷуди тасмимоти мухталиф ва дипломатияи ҳукумати Тоҷикистон таҳти мудирияти Раҳмонов ин кишвар дар шароити блокадаи иқтисодии Узбакистон қарор дорад.

Кӣ вазифа гирифт? Бо ин суол «Зиндагӣ», ҳафтаномаи дигари мустақили чопи Душанбе ба алоқамандонаш муроҷиа карда афзудааст, таъйин намудани роҳбарони вазоратҳо бо назардошти сатҳи омодагии ҳирфаӣ таҷрибаи корӣ ва садоқат ба давлату миллат ба ҷо оварда шудааст.

Вале «Миллат» қавли як соҳибназарро меорад, ки аз ҷобаҷогузории кадрҳо дар ин навбати 7 солаи Раҳмонов изҳори нигаронӣ кардааст, зеро ҳатто баъзеҳо бори сеюм дар вазифаҳои калидӣ гузошта шудаанд, аммо ба ҷавонон аслан таваҷҷӯҳ зоҳир нашудааст. Дар ҷои дигар таъкид шудааст, ки аз ҳукумати давраи сеюми оғои Раҳмонов ҳеҷ ҷои интизорӣ нест, зеро ин ҳукумат дар асл нав нест ва солҳои гузашта нишон додаст, ки ба чӣ қодир аст.

«Наҷот» таҳти унвони «Барқ хомӯш, мансабҳо рӯшан ё аз риш канда ба мӯйлаб гузоштан чӣ маънӣ дорад», ба усули таъиноти оғои Раҳмонов нигоҳ кардааст. Шабе, ки дар пойтахт ва манотиқи дигари кишвар барқ хомӯш шуд, мардум бо вуҷуди сардию тирагӣ интизори хулосаи ҷаласаи ҳукумат, яъне таъини мансабҳо буданд, онҳое, ки аз вазифа сабукдӯш шуданд, то субҳ валерианка ва валидол мехӯрданд Аммо бо рӯшан шудани мансабҳо ва ба сари кор омадани афроди масъул ҳанӯз ҳам хонаҳо сард ва манзилҳо торик аст.

«Собития» ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, даҳуми декабр Созмони милали муттаҳидро ба нашр расондааст. Ва таҳти унвони «Оё ҳуқуқи шумо нақз шудааст?», аз даҳ сокини Душанбе суол кардааст, ки дар посух ҳама нақзи ҳуқуқи худ дар ҷомеаи кишварро таъйид кардаанд.

«Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад, ки Ҷашнвораи нахустини шашмақом дар Тоҷикистн ба поён расид ва дар он беҳтарин шашмақомхонон аз Узбакистон ва кишварҳои дигар ширкат намуданд. Ва ҷоизаи асосии ҷашнвора ба устоди шашмақомхонон Боймуҳаммад Ниёзов дода шудааст.

«Собития» роҷеъ ба сарнавишти як шоҳмотбози хурдсоли тоҷик Соиб Ҷӯраев мақолае ба нашр расонда мегӯяд, Вазорати фарҳанг ва спорти Узбакистон пас аз он, ки Соиб шаҳрвандии Узбакистонро қабул накард, ба ин шоҳмотбоз иҷозаи ширкат дар мусобиқаҳоро надодааст ва ӯ ночор ба Душанбе баргашт. Соиб Ҷӯраев дар солҳои нооромӣ ҳамроҳи волидонаш ба зодгоҳи ниёконаш ба Самарқанд рафта буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG