Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарораи хотираҳо аз кишвари шӯравиҳо


Рӯйдодҳои 15 соли пешро имрӯз ҳар кас аз дидгоҳи худ баҳо медиҳад: насли бузургсоли Шӯравӣ, онҳое, ки хонаву дар доштанду ҳар моҳ маоши собити худро дастрас мекарданд ва аммо имрӯз аз ҳамаи ин чизҳо маҳрум шудаанд, аз Шӯравӣ бештар ба некӣ ёд мекунанд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки новобаста ба таърихи начандон тӯлонии гузаштаи Шӯравии ватанашон исми Ленину Сталину Брежневро акнун бештар чун моли таърих мешиносанд. Хотираи онҳо пок аст, мисли коғази тоза, мисли ин духтари 15-солаи қирғиз, ки мегӯяд, дар бораи Иттиҳоди Шӯравӣ аз волидонаш шунидааст:

"Ман шунидам, ки Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи декабри соли 1991 пош хӯрд. Волидонам дар ин бора ба ман зиёд нақл кардаанд. Он замон мушкилот хеле зиёд буд. Мардум, ба ҷои он ки дасти ҳамдигарро бигиранд, танҳо дар бораи зиндагии худ фикр мекарданд. Зиндагӣ хеле сахт буд"

Ҳамсоли Ҷанил дар Беларус ҳам ин ақидаро тасдиқ кард. Алеҳ Сушко, як наврас аз Минск, бештар бо нигоҳе ба тафовутҳои иқтисодии имрӯз гузашта мегӯяд:

"Волидонам ба ман гуфтанд, ки соли 1991 зиндагӣ хеле сахт будааст, барои харидани ғизо онҳо бояд соатҳо дар навбатҳои дароз интизор мешуданд. Мардум пул доштанд, аммо ба ин пулашон намедонистанд, ки чӣ харанд. Ва ҳоло баръакс шудааст. Шумо ҳар чизеро, ки дилатон мехоҳад, харида метавонед, ба шарте ки пул дошта бошед"

Аксар наврасони имрӯза, вақте дар бораи вазъи худу волидонашон дар хурдсолӣ фикр мекунанд, ба ин ақида меоянд, ки зиндагии онҳо назар ба ҷавонони замони Шӯравӣ ба маротиб сахттар шудааст. Ҳукумати Шӯравӣ таҳсили ҳамагониро ба як сиёсати ҳатмии кишвар табдил дода буд, аксар хатмкунандаҳои мактабҳои миёна бидуни мушкил муҳассили донишгоҳ мешуданд ва агарчанд ҳам масъалаи ришват он солҳо мавҷуд буд, аксари кулли хоҳишмандон ба донишгоҳи дилхоҳи худ дохил шуда метавонистанд. Дар ин замина, духтари арманӣ Инга Ғукасяни 15-сола мегӯяд:

"Ман аз волидонам шунидам, ки гирифтани маълумоти олӣ осонтару сатҳи зиндагии мардум назар ба имрӯз ба маротиб беҳтар будааст. Ба фикри ман, дар хурдсолӣ волидонам назар ба ман дар зиндагӣ имкониятҳои бештар доштанд. Ман ҳоло гуфта метавонам, ки зиндагӣ дар шароити имрӯза як мубориза аст, шумо бояд хеле зиёд кор кунед, то ки муваффақ шавед. Масалан ба масъалаи гирифтани маълумот нигаред. Волидонам дар солҳои мактабхонӣ бо ҳамон донишҳои аз мактаб гирифтаашон бидуни мушкил ба факултаи дилхоҳи донишгоҳ дохил мешуданд. Аммо ман, бо вуҷуди ин ки дар мактаб хеле зиёд заҳмат мекашам, бидуни омодагии махсус имтиҳоноти донишгоҳро супурда наметавонам"

Падари ин духтар, Эдик Ғукасян мегӯяд, ки Инга дар шароити душвор ба дунё омад, вазъи иқтисодии хонаводаи ҷавони ӯ хуб набуд, ва аммо ҳар нафар аз истиқлоли Арманистон фикр мекард ва бовар дошт, ки зиндагӣ баъди ин беҳбуд хоҳад ёфт. Аммо ҳоло чунин ба назар мерасад, ки Эдик беш аз пеш аз ҳоли фарзандонаш дар ташвиш аст:

"Ман декабри соли 1991-ро як замони пурваҳшат мехонам. Мо барқ надоштем, хеле сард буд ва шароити зиндагии мо ҳам хеле бад буд. Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд ва Арманистон ба як ҷумҳурии нави мустақил табдил ёфт. Ман аз пошхӯрии Шӯравӣ ташвиш надоштам, чунки интизори онро надоштам, ки билохира ҳам чунин хоҳад шуд. На фақат ман, балки ҳама дар Арманистон ба митинг мерафтем. Мо мехостем соҳибистиқлол шавем ва шудем, ва мо хеле шод будем, ки чунин шуд. Аслан ин тасмими хеле дуруст буд, ки аз Шӯравӣ халос шудем. Ман фикр мекунам, ки он замон на танҳо ман, балки ҳама дар Арманистон бо як эҳсоси нишоту сархушӣ зиндагӣ мекарданд. Аммо мо ҳеҷ намедонистем, ки ин ҳодисаҳо чӣ таъсиреро ба фарзандони мо хоҳад гузошт. Коре, ки бояд анҷом мешуд, билохира ҳам анҷом шуд"

Дар ин тӯли 15 соли охир ҳар ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ роҳи пуршебу фарози худро тай намуд. Аксари ин кишварҳо бо мухолифатҳои сиёсии дохилӣ рӯбарӯ шуданд, масъалаи вобастагии иқтисодӣ дар равобити миёни ин давлатҳо ба мушкили афзалиятнок табдил ёфт, мухолифатҳои то дирӯз хобидаи милливу мазҳабӣ руи об баромад. Аммо бо ин вуҷуд, хонум Марям Тошбоева умед дорад, ки ин мушкилот билохира сипарӣ мешавад ва ӯ хушбахт аст, ки духтараш Ҷанилро дар он соли бисёр душвори 91 таваллуд кардааст. Марям Тошбоева:

"Ҳоло ҳар як нафар барои зиндагии шахсии худ мубориза мекунад. Мо умед дорем, ки агар Қирғизистон ба муваффақият даст ёбад, зиндагӣ барои фарзандони мо хеле хуб мешавад. Дар шароити феълӣ дар зиндагии мардум ҳам ҷиҳатҳои хубро дидан мумкину ҳам бадро"
XS
SM
MD
LG