Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Егор Гайдар мегӯяд, ба ӯ ҳам заҳр додаанд


Егор Гайдар, собиқ кафили сарвазири Русия мегӯяд, вай низ ҳадафи як сӯиқасд қарор гирифтааст.


Манзури вай бемории ногаҳониест, ки ҳангоми иштирокаш дар як конфронс дар Дублин иттифоқ афтод. Ин ҳодиса рӯзи 24-уми ноябр, як рӯз баъд аз ҳалокати Александр Литвиненко, собиқ корманди хадамоти махфии Русия бар асари заҳролудшавии радиоактив ба вуқӯъ пайваст.


Гайдар ба нашрияи "Financial Times" гуфт, бе ягон сабаб худро якбора бад ҳис кард ва ба бистар афтод. Вай гуфт, мухолифони ҳукумати Русия ба ӯ заҳр додаанд, то муносибатҳои Русия ва Ғарбро тахриб кунанд.


Пизишкони Русия мегӯянд, ҳеҷ гуна заҳрро дар вуҷуди Гайдар кашф накардаанд.
XS
SM
MD
LG