Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба гузориши Гурӯҳи мутолиъаи вазъи Ироқ


Гузориши кумисиюни байниҳизбии мутолиъаи вазъи Ироқ вокунишҳои байнулмилалӣ ба бор овардааст. Ин кумисиюн рӯзи чоршанбе (шашуми декабр) вазъиятро дар Ироқ "хатарнок" номид ва хостори ислоҳи бунёдии он шуда, аз ҷумла тавсия дод, ки Сурия ва Эрон ба талошҳои барқарории эътидол дар Ироқ ҷалб шаванд.


Вазири корҳои хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ гуфт, кишвараш омода аст, ба беҳбуди вазъ дар Ироқ кӯмак кунад. Анҷумани уламои исломии Ироқ, ки аз тарафи мақомоти ИМА дар доштани робита бо ошӯбгарон айбдор мешавад, гузоришро ҳаққонӣ ва воқеънигорона номид.


Кумиссиюн ҳамчунин гуфтушунидҳои мустақими Амрико бо Сурияву Эронро як зарурати талошҳои ИМА дар эҳёи сулҳи Ховари Миёна номидааст.


Аммо сарвазири Исроил Яҳуд Олмарт имрӯз хулосаҳои гузоришро зери суол бурд ва мегӯяд, нигоҳи ӯ дигар аст. Вай робитаро миёни ҷанги Ироқ ва низоъи арабу Исроил рад кард ва ҳамчунон гуфтушунид бо Сурияро. Вале гуфт, Исроил хостори эҳёи гуфтушунид бо фаластиниҳост.
XS
SM
MD
LG