Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии мақомоти Русия аз афзоиши ифротгароӣ дар ин кишвар


мс

Борис Гризлов, раиси Думаи давлатии Русия зимни баррасии мушкилоти афзоиши ифротталабӣ дар Русия рӯзи чоршанбе дар Кремл бо ишора ба сафед кардани муттаҳамони куштори духтарбачаи нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова хостори ташдиди ҷазо ба миллатгароён шуд.


Вай гуфт бояд рӯшан гардад,ки ба чӣ далел дар Санкт-Петербург ҳайати мунсифаи додгоҳӣ имсол муттаҳамони парвандаи қатли духтараки тоҷик, як донишҷӯи конгоӣ ва як донишҷӯи ветнамиро сафед кард.


Борис Гризлов дар хитоб ба додгоҳи олии Русия гуфт бояд равшанӣ андохт, ки дар ин се парванда ҳайати мунсифа то куҷо хатобахшӣ кард ва бозрасӣ ба чӣ иштибоҳе роҳ дод. Борис Гризлов ин суханонро ба раиси раиси Ҳизбии Кремлии Русияи Воҳид дар ҷараёни мулоқоти раиси ҷумҳур В.Путин бо руасои ҳизбҳои сиёсии Русия иброз кард.


Раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни мулоқот аз ҳизбҳои сиёсӣ тақозо кард,ки заминаҳои фаъолияти ифротгароёнро хароб созанд то онҳо ба интихоботи парламонӣ ва мақомоти маҳаллӣ роҳ наёбанд. Вай гуфт ҳар,ки адовати нажодӣ, миллӣ ва мазҳабиро доман мезанад, бояд бидонад ки посухи босазо дарёфт хоҳад кард.


Владимир .Путин ҳамзамон ба мардуми кишвари худ итминон дод, ки давлат аз манофеъи онҳо дар бозори кор дифоъ хоҳад кард.
Давлат ба дифоъи манофеъи атбоъи Русия,мардуми таҳҷоии кишвар ҳозир аст, Давлат бо назардошти ҳифзи таъодули манофеъи тамоми ҷомеъа, тавоноии созмондеҳии мутамаддини маҷрои муҳоҷират ва дифоъ аз бозори корро дорад- гуфт оқои Путин


Ин дар ҳолест, ки созмонҳои дидабони ҳуқуқи башари «Сова» ва «Панорама», маркази назарсанҷии Юрий Левада ва пажуҳишгоҳи мардумшиносии Русия дар рисолаи дастаҷамъии тозаинтишори «Миллатситезии русӣ» таъкид кардаанд, мақомоти Русия бо ифротталабон танҳо замоне вориди мубориза мешаванд, ки онҳо ғаразҳои бегонаситезии худро канор бигузоранд ва ба мухолифати руёру бо Кремл иқдом намоянд,
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG