Пайвандҳои дастрасӣ

Зуҳуров ва Зиёевро Узбакистон аз ҳукумати Тоҷикистон берун кард?


Ин дар ҳолест, ки агарчанд ба сурати расмӣ тамоми мароҳили истиқрори сулҳ пушти сар шуда, аммо зеҳнияти он боқист ва ҷараёни суботи миллӣ ва эътимодсозӣ ниҳодина ва мантиқӣ нашудааст. Аммо оғои Раҳмонов ин тасмими худро шарҳ надода ва мухолифони собиқ низ тақозои ҳифзи мақомҳои худро накарданд.

Ин иқдом ба сурати мухталиф дар миёни коршиносон тафсир мешавад. Сайфулло Сафаров, муовини мудири маркази таҳқиқоти истротежики Тоҷикистон мегӯяд, ин дигар ҳукумати коалитсионӣ ва ё ҳукумати оштии миллӣ нест. Аз соли 2000 ин ҷониб масъалаи 30 фоиза дигар ҷой надорад. Таъини ҳукумат салоҳияти раиси ҷумҳур аст.

Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси мустақил низ гуфт, дар урфи демократӣ салоҳияти ташкили ҳукумат ба ҳизб ё нафари пирӯзи интихобот тааллуқ мегирад ва дар ин маврид раиси ҷумҳур Раҳмонов ин ҳаққро дошт, ки бо мухолифони собиқ машвара накунад. Аз ҷониби дигар, мегӯяд ӯ, ширкати мухолифин ба манзури қаноат додани гурӯҳҳо ё таъмини субот дар ҷомеа муҳим буд ва шояд оғои Раҳмонов ба ин натиҷа расидааст, ки метавонад бидуни ширкати мухолифин низ идораи ҷомеа ва давлатро карда бошад, ба ин манзур аз мухолифон сарфи назар кард.

Ва ин суол ҳам муҳим аст, ки баъди интихоботро таҳрим кардани бархе мухолифин ва ширкат накардани бархе дигар онҳо, оё даъвои ширкат дар ҳукумат мантиқӣ мебуд? Оғои Раҳнамо мегӯяд, аҳзоб бояд одат кунанд, ки ҳукуматро бояд аз мардум дархост кард, на аз раиси ҷумҳури соҳибқудрат ва ҳукумати соҳибқудрат. Ва вақте мухолифон интихоботро таҳрим мекунанд, ширкати онҳо ва тақозои ширкати дар ҳукумат ғайри мантиқист.

Аммо дар мавриди барканории яке аз намояндагони мухолифини собиқ аз мақоми вазорати умури изтирорӣ Мирзо Зиёев, ки фармондеҳи кулли нирӯҳои мусаллаҳи оппозитсиюни собиқ низ буд ва Сайидамир Зуҳуров, вазири собиқи амният ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ фарзияҳои мухталифе гуфта мешавад. Бархе аз коршиносони тоҷик ва таҳлилгарони рӯзномаҳои имрӯзи Душанбе низ барканории ин ду нафарро таҳти фишори кишвари ҳамсояи Узбакистон муаррифӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки як рӯзномаи чопи Душанбе навишт, Тоҷикистон бештар аз яку ним сол ба дунболи эълони омодагӣ барои сохтмони Роғун таҳти фишори физояндаи Узбакистон қарор гирифт ва ҳамин муддат дар муҳосира қарор дошт ва таъйини ҳукумати навро танҳо дар ҳамин росто метавон арзёбӣ кард. Ва барканории чеҳраҳои умдатан миллӣ аз ҳукумат ба гунае қаноат додани Русия ва Узбакистон ва баҳонае барои оддӣ сохтани муносибот аст.

Масъалаи дигари маҳриди баҳс ин аст, ки чаро аксари вазирон табдил нашуданд ва ё танҳо ҷойи худро иваз намуданд, яъне ротатсия шуд. Аммо як рӯзномаи дигар навишт, ин ҳама ҳадсу гумон аст, танҳо як кас медонад, ки чаро чунин шуд, номи ӯ Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG