Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳанӯз ҳам як медал дорад.


Ҷопон бо 86 медал, минҷумла 23 нишони тилло дар мақоми дуввум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 84 медал, аз он ҷумла 17 нишони тилло дар мақоми севвум қарор гирифтаанд. Қазоқистон бо 39 медал, минҷумла 10 нишони тилло дар ҷойгоҳи чаҳорум мебошад. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Узбакистон бо 8 медал - 2 нишони тилло ва 6 биринҷӣ дар мақоми 12-ум, Қирғизистон ва Туркманистон ҳар кадом бо як медали нуқра дар мақоми 24-ум ва Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 27-ум қарор доранд.

Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ягона медали тими Тоҷикистон ба Расул Боқиев дар риштаи гуштии озод марбут аст. Вай афзуд:

«Тавассути расонаҳои хабарии Тоҷикистон, аз ҷумла шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» чандин бор хабаре пахш шуд, ки паҳлавони мо Рауф Ҳикматов дар рақобатҳои гуштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм соҳиби медали нуқраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар гардидааст. Ин хабар воқеъият надорад. Зеро гуштигири мо дар ду рақобати худ бар варзишгарони Кувайту Филиппин ғолиб омада, аз ду рақиби худ аз Ирону Чин мағлуб гаштааст. Бад-ин тартиб ӯ аз дарёфти медал бенасиб мондааст».


Варзишгарони тоҷик - Шералӣ Маҳмадалиев ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс, ки ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтаанд, барои медалҳои Бозиҳои Осиёӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати тирандозӣ аз туфангча ба масофаи 50 метр дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Сергей Бабиков, Фахриддин Сироҷиддинов ва Олег Набиев мақоми даҳумро касб кард. Вале варзишгарони тоҷик дар риштаҳои теннис, софт-теннис ва тенниси рӯи миз мағлуб гаштаанд.

Ҳамчунин тими занонаи волейболи Тоҷикистон низ дар марҳалаи муқаддамотӣ дар ҳамаи чаҳор бозии худ аз тимҳои Тайланд, Муғулистон, Қазоқистон ва Ҷопон бо натиҷаи якхелаи 0 бар 3 шикаст хӯрда, дар гурӯҳи худ дар зинаи охирин ҷой гирифт. Рӯзи панҷшанбе намояндагони Тоҷикистон дар риштаи таэквон-до ба рақобат шурӯъ карданд. Варзишгарони тоҷик боз дар шаш ришта - варзиши сабук, гуштии озод, гуштии фарангӣ, камонварӣ, қаиқронӣ ва каратэ-до ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG