Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайъати баландмақоми ҳукумати Покистон вориди Кобул шуд


Хуршед Маҳмуд Кусурӣ, вазири умури хориҷии Покистон дар садри як ҳайъати давлатӣ ҷиҳати мулоқот бо мақомоти баландпояи Афғонистон, аз ҷумла Ҳомид Карзай, раисҷумҳури ин кишвар вориди Кобул шуд.


Султон Аҳмади Бахин, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, вазири хориҷаи Покистон бо ҳамтои афғонистонии худ Рангин Додфар Испанто дар мавриди мубориза бо терроризму экстремизм ва роҳандозии ҷиргаҳо - ҷаласаҳои амну осоиштагӣ дар марзҳои Покистону Афғонистон сӯҳбат мекунанд. Тавофуқ дар мавриди баргузории ҷиргаҳои қабоили ду ҷониби хатти Дюранд ҳангоми вохӯрии раисҷумҳурони ду кишвар дар Вашингтон ба даст омада буд. Расман гуфта мешавад, Толибон ва Ал-Қоида аз кӯмаки сиёсии қабилаҳои ду ҷониби Дюранд бархурдоранд. Ҷиргаҳои амну осоиш бояд қабилаҳоро аз ҳамкорӣ бо Толибон ва Ал-Қоида боздорад.


Шурӯъ аз соли равон ҷануби Афғонистон ба маҳалли хушунатҳои мудаввом кашида шуда, ҳудуди чаҳор ҳазор нафар кушта шудаанд. Афғонистон дар ин ноамниҳо ва кундии раванди бозсозӣ дар кишвар Покистонро муттаҳам мекунад. Мақомоти Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки ба Покистон фишор орад, то аз кӯмак ба шӯришиёни ҳаракати Толибон даст кашад. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, раҳбари созмони террористии Ал-Қоида - Усома ибни Лодан низ дар Покистон ба сар мебарад.


Ва аммо Покистон вуҷуди роҳбари Ал-Қоидаро дар ҳудудаш инкор мекунад ва Афғонистонро маркази созмонҳои террористӣ ном мебарад. Ба иддаои Покистон, аъзои ҳаракати Толибон ва созмони Ал-Қоида аз Афғонистон вориди хоки Покистон мешаванд.


Султон Аҳмади Бахин, сухангӯи Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, ин ду кишвари ҳаммарз роҳе ба ҷузъ дар мусолиҳат зистан надоранд, зеро амнияти Афғонистон ба манфиати Покистон аст.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG