Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз даҳ муштзан ду нафар монд


Ҷопон бо 85 медал, минҷумла 23 нишони тилло дар мақоми дуввум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 82 медал, аз он ҷумла 17 нишони тилло дар мақоми севвум қарор доранд. Қазоқистон, ки 369 медал, минҷумла 10 нишони тилло ба даст овардааст, дар ҷойгоҳи чаҳорум мебошад. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Узбакистон бо 8 медал - 2 нишони тилло ва 6 биринҷӣ дар мақоми 12-ум, Қирғизистон ва Туркманистон, ки ҳар кадом як медали нуқра ба даст овардааст, дар мақоми 24-ум ва Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 27-ум қарор доранд.

Аз даҳ муштзани тоҷик танҳо ду нафар дар риштаи бокс барои дарёфти ҷавоизи Бозиҳои Осиёӣ талош мекунанд. Шералӣ Маҳмадалиев дар рақобатҳо дар вазни то 69 килограмм ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 килограмм ба марҳалаи чаҳорякниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 9 декабр баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Дар сабқати тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 50 метр дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Сергей Бабиков, Фахриддин Сироҷиддинов ва Олег Набиев мақоми даҳумро касб кардааст. Вале варзишгарони тоҷик дар риштаҳои теннис, софт-теннис ва тенниси рӯи миз аз рақибони худ шикаст хӯрдаанд. Тими занонаи волейболи Тоҷикистон низ дар марҳалаи муқаддамотӣ дар ҳамаи чаҳор бозӣ аз тимҳои Тайланд, Муғулистон, Қазоқистон ва Ҷопон бо натиҷаи якхелаи 0 бар 3 мағлуб шуда, дар гурӯҳи худ дар зинаи охирин ҷой гирифтааст.

Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати дуввуми варзишии Тоҷикистон, ки аз намояндагони риштаҳои варзиши сабук, гуштии озод, гуштии фарангӣ, камонварӣ, қаиқронӣ ва каратэ-до иборат аст, пас аз ду шабонарӯзи интизорӣ дар фурудгоҳи Душанбе, ниҳоят озими Қатар шуд.
XS
SM
MD
LG