Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАСА: "Дар Миррих об ҳаст"


Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико - НАСА мегӯяд, далоили наве пайдо кардааст, ки дар сайёраи Миррих дар фосилаҳои мӯайян об ҷорӣ мешавад. Ин кашфиёти нав эҳтимолияти вуҷуди олами зинда дар ин сайёраи сурхро тақвият медиҳад.


НАСА мегӯяд, ки аксҳои бардоштаи моҳвораи Марс Глобал Сурвейор дар соли 2004 ва 2005 ду манбаъи обро дар сайёраи Миррих нишон медод, ки ҳоло онҳо ба тадриҷ хушк мешаванд.


Ин манбаъҳо чандсад метр тӯл доштаанд ва шояд об дар онҳо дар ҳафт соли ахир ҷорӣ мешуданд.


Ҳодисаи нодир дар кайҳон


Ва мунаҷҷимон мегӯянд, ки се рӯз баъд дар осмон метавон як ҳодисаи бисёр ғайриоддиро мушоҳида кард, ки дар тӯли тақрибан сад сол як бор рух медиҳад.


Дар ин рӯз сайёраҳои Муштарӣ, Ноҳид ва Миррих шабона мисле ки дар рӯи як хат меоянд ва ончунон нур меафкананд, ки онро аз замин низ метавон мушоҳида кард.


Рӯзи даҳуми декабр Муштарӣ, Ноҳид ва Миррих дар рӯи хате сегонаи сайёраҳоро ташкил медиҳанд. Барои дидани ин падидаи нодир дурбини оддӣ кофӣ будааст.
XS
SM
MD
LG