Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Скотлэнд Ярд марги Литвиненкоро чун куштор талаққӣ намуд


Пулиси Бритониё мегӯяд, ки марги ҷосус ва афсари собиқи Хадамоти Амниятии Русия Александр Литвиненкоро ҳамчун куштор талаққӣ мекунад.


Вазорати умури дохилаи Бритониё бо нашри як баёния гуфт, муфаттишон ҳангоми таҳқиқ то ба ҷое расидаанд, ки метавон қазияро ҳамчун куштор арзёбӣ кард.


Аммо дар ин баёния ҳамчунин гуфта мешавад, ки маъмурони пулис дар робита ба ангезаҳои қатл, ҳуввияти омилони он ҳанӯз хулоса набаровардааст.


Дирӯз (6 декабр) муфатишони рус дар ҳузури ҳамкорони бритониёвии худ, Дмитрий Ковтунро бозпурсӣ карданд, ки бо Александр Литвиненко дар рӯзи бемор шуданаш мулоқот дошт. Андрей Луговой, яке аз шоҳидони муҳими қазияи марги Александр Литвиненко, ки дар пайи заҳролудшавӣ аз моддаи радиоактиви полониум 210 ҷон дод, ҳанӯз бозпурсӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG