Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии истиқлолхоҳӣ дар пойтахти Абхазистон


Ҳазорон нафар дар маркази Абхазистон - шаҳри Сухуми бо баргузории тазоҳурот аз Русия ва ҷомеаи байналмилалӣ тақозо карданд, ки Абхазистонро ба унвони кишвари мустақил ба расмият бишиносанд. Тибқи гузоришҳо дар тазоҳурот 35 ҳазор нафар ширкат карда, ва ҳамчунин хостори пайвастани Абхазистон ба Русия шудаанд.


Сергей Багапш, раиси ҷумҳури худхондаи Абхазистон дар ин намоиш гуфтааст, ки кишвраи ӯ наметавонад, бахше аз Гурҷистон бошад.


Палатаи поёнии порлумони Русия бо судури ду баёния гуфтааст, сиёсати ин кишвар бояд, талабҳои истиқлолхоҳии Абхазистон ва натиҷаҳои раъйпурсӣ дар ин минтақаи ҷудоихоҳро ба инобат бигирад.


Абхазистон пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ баъди ҷангҳои кӯтоҳе дар солҳои 90-ум худро ҷудо аз Гурҷистон ва кишвари мустақил эълом кард, ва аммо касе ин давлатро ҳанӯз ба расмият нашинохтааст.
XS
SM
MD
LG