Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷ. Буш: "Пешниҳодоти коршиносони мустақил дар мавриди Ироқ ҷиддан баррасӣ хоҳад шуд"


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ваъда дод, гузориши коршиносони баландпояро, ки гуфтаанд, сиёсати ҳукумати Амрико дар Ироқ корсоз нест, бодиққат баррасӣ хоҳад кард.


Гурӯҳи мустақили мутолиъоти Ироқ, ки гузориши худ доир ба вазъи Ироқро нашр кард, ба ҳукумати Амрико машварат додааст, ки метавонад бо афзудани талошҳои дипломатӣ аз бадтар шудани авзоъ дар Ироқ ҷилавгирӣ кунад. Вазири собиқи умури хориҷаи Амрико Ҷеймс Бейкер ва яке аз раҳбарони гурӯҳи мутолиъоти Ироқ гуфт, дар гузориш тавсия шудааст, ки Амрико омӯзишу тамрини нерӯҳои ироқиро биафзояд ва то авоили соли 2008 нерӯҳои ҷангиашро аз Ироқ хориҷ кунад.


Ҷорҷ Буш пас аз гирифтани гузориш аз муаллифони он аз кунгураи Амрико хост, то тавсияҳои ин гузоришро ҷиддӣ бигиранд.


Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, ки дирӯз (шашуми декабр) дар Ироқ дар чаҳор ҳодисаи ҷудогона даҳ сарбози Иёлоти Муттаҳида кушта шуданд. Дар ҷойҳои дигари Ироқ дар ҳамлаҳои тоза 25 тани дигар ҷони худро аз даст додаанд. Танҳо дар як таркиши бомб дар бозоре дар маркази Бағдод ҳашт тан кушта шудаанд. Ҳамчунин, пулиси Ироқ ҷасади 45 мардро ёфтааст, ки онҳоро бо истифода аз силоҳи оташфишон қатл кардаанд.
XS
SM
MD
LG