Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон 9 декабр муайян мешавад


Дар ҳамин ҳол «Регар» ТадАЗ бо 52 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. «ХИМА»-и Душанбе, ки бозиҳояшро ба анҷом расондааст, бо 54 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. Бозигарони шаҳри Турсунзода танҳо дар мавриди пирӯзӣ дар охирин дидори худ рӯзи шанбеи 9 декабр дар меҳмонӣ бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бори панҷум ба унвони қаҳрамонӣ даст хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 47 имтиёз барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон гаштааст.

Ва як хабар аз ҷараёни понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад.
Дар айни ҳол дар ин бозиҳо варзишгарони 29 кишвари қора дар риштаҳои мухталиф соҳиби 478 медал гаштаанд. Чин бо касби 135 медал, минҷумла 76 нишони тилло дар ҷойгоҳи аввал аст. Ҷопон бо 80 медал, минҷумла 22 нишони тилло дар мақоми дуввум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 78 медал, аз он ҷумла 15 нишони тилло дар мақоми севвум қарор доранд. Қазоқистон, ки ҳамагӣ 36 медал, минҷумла 10 нишони тилло ба даст овардааст, дар ҷойгоҳи чаҳорум мебошад. Чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Узбакистон бо ду медали тилло ва 6 нишони биринҷӣ дар мақоми 12-ум, Қирғизистон ва Туркманистон, ки ҳар кадом як медали нуқра ба даст овардааст, дар мақоми 24-ум ва Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 27-ум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG