Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду пулиси Интерпол дар Суғд


МИ

Додситонии Суғд дар рӯзи чаҳоршанбеи 6- уми декабр хабари дар қаламрави вилоят боздошт шудани ду пулиси Интерполро тасдиқ кард.


Ба гуфтаи манобеъи мӯътамад аз додситонӣ, раҳбари бахши суғдии дафтари пулиси байналмилалии Интерпол дар Тоҷикистон Файзулло Солеҳов ва корманди дигари ин ниҳод- Шаҳобиддин Аҳмадов дар рӯзи панҷуми декабр бо иттиҳоми ришвахорӣ мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Ба иттилоъи ин манобеъ, боздошти пулисҳои Интерпол дар ноҳияи Зафаробод аз ҷониби кормандони додситонии Суғд замоне сурат гирифта, ки мехостанд, аз як сокини маҳаллӣ 1.000 доллари амрикоӣ ва як гарданбанди тиллоиро ба ришва баранд. Додситонии Суғд мегӯяд, нисбати пулисҳои Интерпол тибқи банди 319- и қонуни ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтиши аввалияи онро пеш мебарад.


Дар дафтари намояндагии пулиси байналмилалии Интерпол дар шаҳри Хуҷанд аз шарҳи ин қазия худдорӣ варзиданд ва гуфтанд, эҳтимол дорад, ин ҳодиса дар натиҷаи иштибоҳ иттифоқ афтода бошад.


Бахши пулиси байналмилалии Интерпол дар шаҳри Хуҷанд ҳамзамон бо боз шудани дафтари миллии он дар Тоҷикистон дар авохири соли 2004- и милодӣ ифтитоҳ шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG