Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи интиҳории Қандаҳор ҳашт кушта бар ҷой гузошт


Ҳашт тан, ба шумули 2 табаъаи амрикоӣ тайи як ҳамлаи интиҳорӣ дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд. Муҳаммад Руҳуллоҳ, масъули як ширкати амрикоӣ мавсум ба USPI, ки ба таъмини амнияти ширкатҳои роҳсозӣ дар ҷануби Афғонистон машғул аст,таъйид кард, ки ҳамлаи интиҳорӣ дар назди дафтари ин ширкат,воқеъ дар маҳалли Манзилбоғи шахри Қандаҳор сурат гирифтааст.


Вай афзуд, ҷаноби Ҷек - масъули умумии USPI ба танзими афроди худ масруф буд, ки як интиҳоркунанда расид ва худро дар миёни онҳо инфиҷор дод. Оқои Руҳуллоҳ афзуд, бар асари инфиҷор,ба шумули шахси интиҳорӣ 2 шаҳрванди амрикоӣ, 7 корманди маҳаллии USPI кушта ва 3 тани дигар захмӣ шуданд:
«Субҳ тақрибан соати 7 ва кӯчаҳо камодам буд. Аз наздик омадани шахси интиҳорӣ мо дар ғафлат мондем»


USPI ширкати амрикоист, ки ба таъмини амнияти ширкатҳои роҳсозӣ дар ҳудуди Афғонистон машғул аст. Қандаҳор - шаҳри калидии ҷануби Афғонистон шуруъ аз соли равон яке аз маҳалоти фаъолиятҳои ҳамалоти террористии ҳаракати Толибон ва созмони Ал-қойида маҳсуб мегардад.


Тибқи иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон, теъдоди умдаи беш аз 600 ҳамалоти террористие, ки тайи се мохи ахир дар ҷануби Афғонистон сурат гирифтааст, ба Қандаҳор рост меояд.То кунун масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Қандаҳорро ҳеҷ созмоне ба дӯш нагирифтааст.


Тибқи иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон, шуруъ аз соли равон тайи хушунатҳо дар ҷануби Афғонистон ҳудуди 4000 нафар кушта шудаанд,ки аксариятро шӯришиёни ҳаракати Толибон ва беш аз 1000 нафарро мардуми ғайринизомӣ ташкил медиҳад.

Фарҳоди Мелод, Кобул
XS
SM
MD
LG