Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ сарвари даврии САҲА мешавад? Қазоқистон ё Юнон?


Шӯрои вузарои хориҷаи кишварҳои узви САҲА масъалаи баррасии дархости Қазоқистон ҷиҳати дафти раёсати давраии ин созмонро ба соли 2007 мавқуф гузошт.

Карел де Гухт, раиси феълии САҲА гуфтааст, ки ин масъала на дертар аз Шӯрои ояндаи вазирон дар Испания баррасӣ мешавад. Оқои Карел де Гухт аз ин тасмими Шӯрои созмон изҳори қаноатмандӣ намудааст. Вай гуфтааст, то замони ба таври қотеъ муайян кардани масъалаи раисии ин созмон ва тарҳи садододаи ислоҳот иртиботи қавие мавҷуд ва ин басо муҳим аст.

Тасмими вузарои 55 кишвари узви созмонро Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон чун пирӯзии дипломатияи кишвараш дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ кардааст.

Вале коршиносон бар он назаранд, ки то пирӯзии ниҳоӣ, яъне соҳиб шудан ба раисии давраии ин созмон боз роҳи тӯлоние дар пеш аст. Сиёсатшинос Досим Сатпаев, ки чанде пеш ба тавқиф гузоштани баррасии масъалаи сарварии созмонро дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ пешгӯӣ карда буд, гуфт, ки барои Қазоқистон чун раиси давраӣ фаъолият кардан аз интихоб шудан ба ин мақом даҳчанд мушкилтар аст. Ҷаноби Сатпаев мегӯяд, мушкили асосӣ он аст, ки Қазоқистон он мукаллафиятҳое, ки чун сарвари ин созмон барои пиёда кардани аҳдофи демократӣ бар дӯш мегирад, чӣ сон иҷро хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, ба таъкиди оқои Сатпаев, тасмими Қазоқистон кишварҳои Ғарбро, ки бо ин кишвар ҳамкории хуби иқтисодӣ доранд, дар ҳоли ногувор гузошт ва онон маҷбур шуданд, ки баррасии раҳбарии давраии созмонро ба соли оянда бигзоранд. Вале барои сиёсатшиноси дигари қазоқистонӣ Андрей Чеботарев чунин тасмим ғайримунтазира набуд. Зеро ба таъкиди ӯ, дар соли равон Қазоқистон дар роҳи демократия гоми қавие нагузошт. Баръакс, дар ин кишвар чандин воқеъаҳое, аз қабили куштори Олтинбек Сарсенбоев ва мурофиаи ғайримунсифонаи муттаҳамон ба қатли ӯ, таъқиби мухолифин ва фишор болои расонаҳои мустақил ба мушоҳида расид.

Ба андешаи сиёсатшиносон, агар Қазоқистон ислоҳоти назарраси демократиро пиёда намояд, имкон дорад ба раисии САҲА дар соли 2009 пазируфта шавад. Дар акси ҳол, имкон дорад, ба ин мақом Юнон интихоб бишавад. Вале ин кишвар дар дархосташ ба таври мушаххас замони сарварӣ ба созмонро зикр накардааст.
XS
SM
MD
LG