Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти президент Раҳмонов бо раҳбари ҳайъати намояндагии Кумиссиюни аврупоӣ


Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Адриан ван дер Меер, раҳбари ҳайати намояндагии Кумиссиюни аврупоӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби ИА ва кишварҳои узви он баррасӣ шудааст.


Адриан Ван дер Мер баъди мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, хулосаи пешниҳодии гурӯҳи коршиносии ИА ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи ҷалби сармоя ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва усулҳои иҷрои онро дар ихтиёри раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор додааст.


Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили амнияти минтақа, авзои Афғонистон ва масъалаи кӯмак барои ҳимоят аз марзҳои Тоҷикистон низ барасӣ шудааст.


Адриан Ван дер Меер нахсутин мақоми Кумиссиюни аврупоист, ки баъди интихоби себораи раиси ҷумҳур Раҳмонов бо ӯ мулоқот анҷом дод.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG