Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси маркази арабшиносӣ ва исломшиносӣ дар Русия


рш

Дар Русия маркази пажӯҳишии арабшиносӣ ва исломшиносӣ ташкил шудааст. Виталий Наумкин, раиси ибтикори пажӯҳиши Осиёи марказӣ рӯзи чоршанбе (шашуми декабр) дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ин марказ се ҳадафи аслӣ дорад: муттаҳид кардани мутахассисони арабшинос ва исломшинос, ваҳдати мардумони масеҳӣ ва мусалмонҳо ва густариши робитаҳои Русия бо кишварҳои арабӣ ва исломӣ. Оқои Наумкин мегӯяд, ин марказ на танҳо бо кишварҳои арабӣ, балки ҳамчунин бо кишварҳои исломии назири Ирон, Туркия, Малайзия ва дигар кишварҳо низ барномаҳое дорад.


Винямин Попов, намояндаи махсуси раиси ҷумҳури Русия оид ба равобит бо Созмони конфронси исломӣ гуфт, ки қаблан Евгений Примаков сиёсатмадори машҳури Русия як гурӯҳи мутолиоти стротежӣ мавсум ба "Русия ва ҷаҳони Ислом" ташкил карда буд. Оқои Попов дар бораи нишастҳои ин созмон гуфт, дар Маскав ва дар Қазони Тотористон доир шуданд ва саввумин нишаст қарор аст, дар аввали моҳи феврал дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шавад.


Ба гуфтаи оқои Попов, ин созмон ё гурӯҳ бештар сиёсӣ аст, вале маркази пажӯҳиши арабшиносӣ ва исломшиносӣ - ин маркази фарҳангӣ ва илмӣ мебошад. Алиакбар Алиакбаров, корманди интернетии ин марказ мегӯяд, ки Русия метавонад бо кишварҳои исломӣ монанди пул бошад.


Ба гуфтаи Тавфиқ Иброҳим, профессори маркази пажӯҳишии арабшиносӣ ва исломшиносӣ, ин созмон метавонад ҷавононро ба соҳаи арабшиносӣ ва исломшиносӣ бештар ҷалб кунад ва ҳадафи онҳо ҳамин аст, ки мардуми Русия ба Ислом ва ба кишварҳои исломӣ бештар ошно бошанд.
Расули Шодон
XS
SM
MD
LG