Пайвандҳои дастрасӣ

«Танзи маҳзун» дар Душанбе


Мехоҳед, ришваситонии номзади худро ҳини интихобот бо чашми худ бинед ва рӯи ӯ бихандед? Ришвадиҳии нозири роҳ, ҷарроҳ, мансабдор, мударрис, муҳандис, корманди пулис, масъули вазоратхона ва дигар афродеро, ки мансабҳоро табақабандӣ доранд, дидан мехоҳед? Пас бо мо бошед ва ё ба осорхонаи кишваршиносии ба номи Беҳзод бишитобед, ки дар ин бино нахустин намоишгоҳи рассомони ҷавон «Карикотура алайҳи фасод», ё «танз зидди коррупсия» ба кор шурӯъ кард.

Беш аз 76 тоблу, ки дар ин нигористон гирд оварда шудаанд ва ришваситониро дар ҳама долонҳои ҳукумат, мансабу маснад мазаммат кардаанд, то 15 декабр ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ, ки ҳамакнун онро бинандаҳо «танзи маҳзун» унвон додаанд, беҳтарин бозгӯи рушди фасод дар кишвар аст.

Ба иттилоъи масъулин, намоишгоҳи мазбур, ки зери сарпарастии Барномаи Рушди СММ ифтитоҳ ёфт, марҳилаи наверо дар эҷодиёти расомони ҳаҷвнигори ҷавон роҳандозӣ кардааст. Зӯҳро Азизова, ходими осорхонаи ба номи Беҳзод ва масъули намоишгоҳ мегӯяд, тоблуҳо маҳсули заҳмати килки беш аз дусад рассоми ҷавон аст, ки дар Хуҷанду Душанбе дар тӯли ду ҳафта аз устодони санъати тасвири ирониву молдовӣ сабақ гирифтаанд.

Шарифҷон Исрофилов, муқарриз ва мунаққид мегӯяд, ба танзи фасод рӯ овардани ҷавонон нахустин қадам дар роҳи барҳамзании коррупсия дар Тоҷикистон бояд бошад, ки фасод дар ин кишвар решаҳои қавӣ дорад.

Рассомони ҳаҷвнигори мавҷи нав дар се толори осорхона камбуди ҷамъиятро зери интиқод гирифтаанд. Дар намоишгоҳ фарзанди нозири роҳ бо чӯбдасти падар аз кӯдакони аробасавор пора меситонад, номзад дар интихобот ба мардум ҳасибу калуш медиҳад, ҷарроҳ бо корд нахуст ҷайби беморро барои пул мебурад, мансабдор пушти худро ҳамчун ҳамён боз кардааст, нозири роҳ қаторро боздошта, ҳуҷҷат талаб мекунад, мансабфурӯш ҷои диплом доллар мегирад, мударрис аз донишҷӯ доллари сабз мегирад ва дигару дигар

Аммо аз ҳама бештар дар намоишгоҳ нозирони роҳ, баъдан номзадҳо ҳини интихобот, ҷарроҳон ва мансабталошон мавриди мазаммати мусаввирони ҷавон қарор гирифтаанд.

Ба иттилоъи Наргис Нуруллохоҷа ва Аноҳито Ниятбекова, кормандони Барномаи Рушди СММ ва сарпарастони намоишгоҳ, ҳадафи аслии намоишгоҳ ба мушкили фасод таваҷҷӯҳи ҷамъияти кишварро ҷалб кардан аст.
XS
SM
MD
LG