Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико номзадии Гейтсро ба мақоми вазири дифоъ таъйид намуд


Кумитаи низомии Сенати Амрико номзадии Роберт Гейтсро ба мақоми вазири дифоъи ин кишвар таъйид кардааст.


Пештар аз ин амр, Роберт Гейтс ҳангоми ҳузур дар Кумитаи низомии сенат гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли пирӯз шудан дар ҷанги Ироқ нест. Вай афзуд, ҳозир аст, ҳар андешаи тоза доир ба сиёсати оянда дар Ироқро баррасӣ кунад.


Роберт Гейтс, ки мақоми Доналд Рамсфелд вазири собиқи дифоъи Амрикоро мегирад, ҳамчунин гуфт, раҳбарони Ирон саъй доранд, то ба силоҳи атомӣ даст ёбанд ва дурӯғ мегӯянд, ки барномаҳои ҳастаии Ирон ҳадафҳои сулҳомез дорад.


Интизор меравад, Роберт Гейтс ба унвони вазири дифоъи ҷадид ҳафтаи оянда аз сӯи сенати Амрико таъйид шавад.
XS
SM
MD
LG