Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Вахш» - соҳиби медалҳои биринҷӣ


Ин даста дар охирин дидори худ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими «Тоҷиктелеком» бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба кард.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ тими мизбон - «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод. Бад-ин тартиб «Вахш» ва «Парвоз» 47 имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале танҳо аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо бозигарони Қӯрғонтеппа нисбат ба ҳарифони худ як зина болотар - дар мақоми севвум ҷойгир шуда, ба дарёфти медалҳои биринҷӣ мушарраф гаштанд.

Ва аммо мубориза барои унвони қаҳрамонӣ идома дорад.«ХИМА»-и Душанбе, ки бозиҳояшро ба анҷом расондааст, дар ҳамин ҳол бо 54 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ бо 49 имтиёз дар мақоми дуввум мебошад. Бозигарони шаҳри Турсунзода танҳо дар мавриди пирӯзӣ дар ду бозии боқимонда 6 декабр дар майдони худ бо CSКА-и Душанбе ва 9 декабр дар меҳмонӣ бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бори панҷум ба унвони қаҳрамонӣ даст хоҳанд ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 6 декабр

Б Ғ М Б Т И
1. «ХИМА» 22 17 3 2 58-15 54
2. «Регар» ТадАЗ 20 16 1 3 54-13 49
3. «Вахш» 22 15 2 5 41-18 47

4. «Парвоз» 22 15 2 5 39-25 47
5. СSKA 21 11 2 8 37-27 35
6. «Тоҷиктелеком» 21 11 2 8 36-31 35
7. «Хуҷанд» 22 9 3 10 27-33 30
8. СКА «Помир» 22 5 5 12 24-39 20
9. «Саройкамар» 22 5 2 15 27-50 17
10. «О.Каримзод» 22 4 4 14 22-39 16
11. «Ориёно» 22 3 4 15 25-53 13
12. «Динамо» 22 0 6 16 12-59 6
XS
SM
MD
LG