Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъиноти нав: С. Зуҳуров омад, М. Зиёев рафт


Бегоҳи рӯзи сешанбе, панҷуми декабр Сайидамир Зуҳуров, ки қабл аз тағйироти сохтории ҳукумат раҳбарии Кумитаи марзбонии кишварро бар дӯш дошт, ба вазифаи сардори раёсати ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуд.


Дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин тағйироти дигари кадрӣ низ ба вуқӯъ пайваст.


Муҳаммадтоҳир Зокиров раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ таъин шуд. Ин кумита қаблан вазорат буд ва раҳбарии онро Мирзо Зиёев, собиқ қумондони нерӯҳои мухолифин бар ӯҳда дошт.


Ҳаким Солиев, собиқ вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон раҳбари Кумитаи тозатаъсиси андози кишвар таъин шудааст.


Давлаталӣ Саидов, ки қаблан раҳбарии Кумитаи ҷавононро бар дӯш дошт, акнун, иловатан соҳаи варзиш ва сайёҳати кишварро назорат хоҳад намуд. Ҷаноби Саидов раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳати Тоҷикистон таъин шудааст.


Собиқ раҳбари шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати шарҳи Душанбе Меҳриниссо Носирова, раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оила таъин шудааст. Бону Носирова дар ин мақом Ситора Шероваро иваз намудааст.
XS
SM
MD
LG