Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурези Русия аз Роғун?


Дмитрий Медведов, муовини аввали нахуствазири Русия дар Маскав ба саволи хабарнигорони тоҷик гуфтааст, нирӯгоҳи барқи обии Роғун бояд аз ҳисоби ширкатҳои ғайридавлатӣ сармоягузорӣ шавад, на аз буҷаи давлат.
Ҷаноби Медведев, ки дар ҷамъи хабарнигорони кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик сӯҳбат мекард, гуфт, дар пиёдасозии ин тарҳ РусАЛ ширкат мекунад ё РАО ЕС фарқ надорад, муҳим натиҷа аст, на ширкаткунандагон ва муҳимтар, мавзеъи ҷониби Тоҷикистон.

Дар тавзеҳ ба гуфтаҳои Дмитрий Медведов, раиси бунёди «Мерос» Евгений Волк мегӯяд, ҳарфҳои муовини аввали нахуствазири Русия ҳилагарона аст ва пасманзари сиёсӣ дорад, ба далели ин ки тарҳи Роғун барои таҳкими ҷойи пои Русия дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ зиёд аҳамият дорад. Гузашта аз ин, ҳам ширкати арзизи РусАЛ ва ҳам ширкати барқии РАО ЕС танҳо ба ном ғайридавлатиянд.

Ҳамзамон, Ҳокими Муҳаббат, коршиноси иқтисодии Осиёи Миёна дар Маскав эъломияи Медведовро ба тағйири мавзеъи Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар пайи гароишҳои Тошкант ба Маскав бастагӣ медиҳад, Вай мегӯяд, Тошкант қатъан мухолифи истиқлоли энерҷии Душанбест. Ба гуфтаи коршинос, созишномаи ҳамкории Русияву Тоҷикистон дар заминаи энерҷӣ ду сол пеш, дар тирамоҳи соли 2004 дар шаҳри Душанбе бо ҳузури руасои ҷумҳури ду кишвар ба имзо расида буд ва Путин эълом карда буд, барои пешрафти иқтисоди Тоҷикистон, Русия ду миллиард доллар ихтисос хоҳад дод, вале эъломияи ахири муовини нахуствазири Русия нигаронкунанда ба назар меояд.

Охири сухани коршинос ишора бар он аст, ки аксари таҳлилгарони Русия Дмитрий Медведовро яке аз номзадҳои Кремл ба интихоботи президентии соли 2008-и Русия медонанд ва гуфтаҳои имрӯзаи ӯ ба дурнамои ҳамкориҳои Русиву Тоҷикистон беасар буда наметавонад.
XS
SM
MD
LG