Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъиноти нав дар ҳукумати Тоҷикистон


Ҳаким Солиев, собиқ вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон раҳбари Кумитаи тозатаъсиси андози кишвар таъин шудааст.


Рӯзи панҷуми декабр ҳамчунин чанд таъиноти дигари нав дар ҳукумати Тоҷикистон воқеъ гардидааст.


Давлаталӣ Саидов, ки қаблан раҳбарии Кумитаи ҷавононро бар дӯш дошт, акнун, иловатан соҳаи варзиш ва сайёҳати кишварро назорат хоҳад намуд. Ҷаноби Саидов раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳати Тоҷикистон таъин шудааст.


Собиқ раҳбари шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати шарҳи Душанбе Меҳриниссо Носирова, раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оила таъин шудааст. Бону Носирова дар ин мақом Ситора Шероваро иваз намудааст.
XS
SM
MD
LG