Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кудато дар ҷазираи Фиҷи


Низомиёни ҷазираи Фиҷӣ имрӯз (5 декабр) ҳукумати нахуствазир Лайсения Карасеро сарнагун карданд.


Дар тӯли 20 соли охир ин чаҳорумин кудатои ҳукумати ин ҷазираи воқеъ дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Карасе раҳбарони ин гурӯҳи низомиро дар таҷовуз ба Сарқонуни ин кишвар муттаҳам донист.


Фармондеҳи низомӣ Френк Байнимарама баъди эълони кудато дар муроҷиаташ ба мардум ба оромишу субот даъват кард. Байнимарама пештар ҳукумати Карасеро ҳушдор дода буд, ки барои олудагиаш ба ришват сарнагун хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG