Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани беш аз 30 нафар дар Бағдод


Панҷуми декабр дар саросари Бағдод бар асари таркиши бомбаву ҳамлаҳои афроди мусаллаҳ 30 нафар ҷони худро аз даст додаанд.


Дар шимоли пойтахти Ироқ, мошини бомбгузоришудае, ки дар он ходимони оҷонсии масъули мақбараҳои шииёни ироқӣ мебошад, мунфаҷир шуд. Баъди ин ҳодиса, афроди мусаллаҳ ҷониби ходимони ин созмон оташ кушода, 14 нафарро кушта ва ҳафт тани дигарро захмӣ бар ҷо гузоштанд.


Дар маҳаллаи дигари Бағдод таркиши дасти кам се мошини бомбгузоришуда дар наздикии як истгоҳи маводи сухт мунҷар ба марги 15 нафар шуд.


Дар натиҷаи ҳамлае дар минтақаи Баёи ҷануби Бағдод дасти кам 25 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG