Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии бӯҳрони ҳастаии Эрон дар Париж


Имрӯз (5 декабр) намояндаҳои кишварҳои аслии баррасикунандаи бӯҳрони ҳастаии Эрон дар Париж гирди ҳам омада, зарбулаҷали таҳримҳои барномаи ҳастаии ин кишварро баррасӣ мекунанд. Дар ин нишаст намояндаҳои ИМА, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон иштирок мекунанд. Қабл аз шурӯъи ин нишаст, раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинаҷод гуфт, ҳар тасмиме, ки алайҳи манфиатҳои ҳастаии ин кишвар гирифта мешавад, чун як иқдоми душманона қабул хоҳад шуд.

Николас Бёрнс, муовини вазири хориҷаи Амрико гуфт, ӯ имрӯз кадом пешрафтеро дар ин гуфтугӯҳо интизор надорад. Вай аз Русияву Чин тақозо кард, ки ба мавқеи Амрикову Аврупо наздиктар ҳаракат кунанд, то Эронро мутақоид созанд, ки аз ҷоҳталабиҳои ҳастаиаш даст кашад. Русияву Чин барои таҳримҳои шадид нисбати Теҳрон мухолифат кардаанд, ки мӯҳлати таъиншудаи СММ-ро барои қатъсозии барномаҳои ғанисозии ураниум риоя накард.
XS
SM
MD
LG