Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қисмати инсон: Зиндагӣ бо маризии СПИД


«Ман ба ВИЧ аз шавҳарам, ки аз Русия баргашта омад, мубтало шудам. Хайр, чӣ тавре мегӯянд, ҳоло бо ин вирус мубориза мебарам.»

Ин зан 27 сол дорад, модари як фарзанд аст, шавҳараш дар Русия ба мардикорӣ машғул буд, худи ӯ дар яке аз таваллудхонаҳои пойтахт ба ҳайси хоҳари шафқат кор мекард. Шавҳараш дар Русия мӯътоди маводи мухаддир гаштааст ва баъди ду сол ба ватан бармегардад, на бо дасти холӣ, балки бо ҷисми олуда. Зани мусоҳиби ман дар натиҷаи ташхиси кормандони таваллудхона маълум мекунад, ки ба ВИЧ гирифтор шудааст.

«Вақте, ки фаҳмиданд, ки ман сироятёфта ҳастам, маро таҳқир карда аз кор пеш карданд. Сарвари шӯъбаамон омада гуфт, ки шумо ҳуқуқи кор кардан надоред ва моро сироят мекунед.»

Ин хабари ғайримунтазира барои мусоҳибам зарбае сахте буд, ки дар чашмаш зиндагиро тира кард.

«Тарсу ҳарос буд, қариб, ки худкушӣ кунам.»

Ин зан, ки аллакай таҷрибаи муносибати атрофиён (собиқ ҳамкорон)-аш бо шахси худашро дидааст, имрӯз мӯҳр бар лаб зада аз хешовандон низ мушкили худро пинҳон медорад. Зеро, мегӯяд мардум, аз гирифторони ВИЧ СПИД парҳез ва онҳоро радди маърака мекунанд.

«Наздиконам дар бораи маризии ман чизе намедонанд ва ман ҳам намехоҳам, ки бифаҳманд. Агар одамон бифаҳманд, дигар ягон кас бо ту сӯҳбат намекунад, туро паст мезананд.»

Ба гуфти мусоҳибам, бо мусоидати созмони «Гули сурх» дар дилаш шӯълаи умед пайдо шуд. Мегӯяд, ҳоло барои пешгирии афзоиши вирус табобат мегирад ва саломатиаш низ беҳтар шудааст.

«Доруҳои зидди вирусӣ истеъмол мекунем. Шавҳарамро бахшидам, зиндагиамонро давом медиҳем, хайр, дигар чӣ кор кунам.»

Ин зан умед дорад, ки шифо меёбад ва зимни хондани намоз дуо мекардааст, ки орзуяш амалӣ шавад.

«Ҳама сиҳату саломат бошанд. Саломатии ману фарзандам хуб бошад ва Илоҳо насли ояндаи тоҷик низ солим ба воя бирасад. »

Дар Тоҷикистон ҳамқисматони ин зан кам нестанд. Бар тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикитсон рӯз аз рӯз теъдоди гирифторони ВИЧ СПИД аз шумули занон меафзояд. Ҳоли ҳозир, дар кишвар 627 нафар мубталоёни ВИЧ СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки 14 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.


Қисмати инсон: Яксаду шонздаҳ баҳори як модари тоҷик
XS
SM
MD
LG