Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили ҳаракати нақлиёт дар минтақаи Рашт


Рашт

Бар асари боришоти барфи зиёд ҳаракати мошинҳои борӣ ва мусофирбар дар ҷодаҳои минтақаи Рашт шарқи пойтахти Тоҷикистон мушкил шудааст.


Дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа бориши барф идома дорад ва сокинон мегӯянд имкон дорад ба сурати умум ҳаракат дар бархе аз ҷодаҳо,ки минтақаро бо маркази чумхурӣ мепайванданд, душвортар гардад


Ванҷалӣ Шафиев ёрдамчии сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар водии Рашт ба родиёи Озодӣ гуфт,гурӯҳҳои изтирорӣ барои рафъи мушкилоти пешомада таьсис дода шудаанд ва дар ҳоли омодагӣ қарор доранд.


Фосилаи байни навоҳии шарқи кишвар аз маркази ҷумҳурӣ беш аз 200 километрро ташкил медиҳад ва фасли тобистон низ дар бархе ҷодаҳои мошингарди ин минтақа мушкилоти ҳаракати нақлиёт ба мушоҳида мерасад.


Ба асари обхезӣ ягона пули мошингузари шоҳроҳи Душанбе - Ҷиргатол дар мавзеъи Тоҷикобод тобистони соли равон тахриб шуда буд.


Бино ба гуфтаи сокинони ин маҳал боришоти барф дар фасли зимистон ва шурӯь нашудани корҳои бозсозии пул ҳамакунун ҳаракати нақлиётро дар бархе аз мавозеь мушкил ва ҳатто ғайриимкон боқӣ гузоштааст.
XS
SM
MD
LG