Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нав ва боз ҳам бидуни чеҳраҳои ҷавон


Шӯҳрат Қудратов, раиси созмони ҷавонони Ҳизби сотсиал-демократ аз тағйироти кадрии ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ кард ва гуфт, ҷавонҳои таълимдидаи хуб омодаанд, ки дар пешрафти иқтисоду сиёсат ва фарҳанги кишвар саҳмгузор бошанд. Вале ба гуфтаи ӯ ҳукумат ё онҳоро нодида мегирад ва ё ба онҳо эътимод надорад. Ҳамчунин Шӯҳрат мегӯяд, ки то ҳанӯз меросбарони Шӯравии собиқ ба мансабҳои давлатӣ таъйин мешаванд ва инҳо, аз назари вай, наметавонанд дар кишвар тағйироти демократиро ҷорӣ кунанд:

«Дар ин ҳайъати нави ҳукумат ва вазирони таъйиншуда мебинем, ки раҳбарони ҷавон нестанд. Пас, ба чунин хулоса мерасем, ки ҳукумат бо сарварии Раҳмонов ё кадрҳои ҷавон надоранд ва ё тақсимоти мансабҳои давлатӣ танҳо аз рӯйи нигаҳдории мизони маҳалҳои ҷумҳурӣ сурат мегирад».

Зарафо Раҳмонӣ, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, шояд таъйиноти нави раиси ҷумҳури кишвар ҷанбаи дигар дошта бошад. Яъне, он нафарҳое, ки синнашон аз панҷоҳ гузаштааст, таҷрибаи кофӣ доранд ва аз ӯҳдаи кори раҳбарӣ мебароянд. Хонум Зарафо гуфт, чанд сол пештар занҳо аз набудани ҳамҷинсони худ дар мансабҳои баланди давлатӣ шикоят мекарданд. Ин дафъа дар ҳайъати хукумати нави Тоҷикистон як зан вазири тандурустӣ таъйин шуд. Вай мегӯяд, ақаллан як ё ду ҷавонро барои раҳбарии кумитаҳои давлатӣ меоварданд, ишибоҳ намекарданд:

«Хуб мебуд аз кадрҳои ҷавон ҳам истифода мекарданд. Масалан, Саймуддин Дӯстов метавонист аз миёни насли ҷавон раҳбари яке аз вазоратхонаҳо интихоб мешуд. Сиёсатмадори шинохта, аммо нисбатан ҷавон Муҳиддин Кабирӣ ҳаст, ки хеле ҳам сазовори мансабҳои давлатӣ ҳастанд ва аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна кор мебароянд. Ин пеш аз ҳама метавонист рӯҳияи ҷавононро баланд кунад.»

Аксарияти ҷавонон мегӯянд, ки дар сурати адами таваҷҷӯҳ ба ҷавонҳо дили онҳо аз ҳукумат ва ояндаи кишварашон сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG