Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти талхи муҳоҷирони тоҷику гурҷӣ


мс

Даргузашти муҳоҷири гурҷӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Маскав


Паноҳандазани 51-солаи гурҷӣ Манана Ҷабелия, ки дуюним моҳ пеш дар ҷараёни гирудори зиддигурҷӣ аз сӯи пулиси Русия боздошт шуда буд, ахиран дар яке аз зиндонҳои боздошти муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав даргузашт. Муҳофизи ҳуқуқ Ирина Бергалиева ба радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, хонум Ҷабелия 4 октябр рӯзҳои оғози таниш байни Русия ва Гурҷистон дастгир шудааст. Вайро пулисе дастгир кардааст, ки ба хонум барои сабти иқомат кӯмак карда буд, ва равшан медонист, ки 13 сол пеш аз Абхазистон ба Маскав паноҳанда шудааст. Бо талошҳои муҳофизони ҳуқуқ додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи панҷшанбе ҳукми озодии Манана Ҷабелияро эълом кард. Вай мебоист субҳи рузи душанбе аз ҳабсхона мебаромад ва аммо субҳи рузи шанбе ба таври мармуз дар зиндон даргузашт. Мо таҳқиқоти мустақил тақозо дорем.


Созмони «Мемориал» низ тафтиши мустақилонаи даргузашти муҳоҷирзани гурҷиро тақозо кардааст. Қаблан як муҳоҷири дигари гурҷӣ ба ҳангоми ихроҷ дар фурӯдгоҳи Домодедово аз тангии нафас ҷони худро аз даст дода буд.


...ва сарнавишти садҳо муҳоҷири гуруснаву маризи тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия


Дар робита ба ҳалокати муҳоҷирони гурҷӣ ҳуқуқшиноси созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» дар Маскав Манзура Каримова хабар дод, ки дар боздоштгоҳи рақами яки Маскав 104 тан аз муҳоҷирони тоҷик дар банданд. Гурӯҳе аз онҳо ба дарди меъдаву гурда гирифтор шудаанд. Ба онҳо дар шабонарӯз ба маблағи 50 рубл ва ё муъодили як доллару 80 сент каша ва ё оби шурбо медиҳанд. Бархе аз онҳо 6 моҳ аст, ки дар зиндон ба сар мебаранд.


Бино ба омори намояндагии вазорати кори Тоҷикистон, дар Русия дар боздошгҳҳои Маскав наздик ба ҳазор муҳоҷири тоҷик дар интизори ихроҷ ба сар мебаранд.


Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия пас аз боздошти афсарони ин кишвар дар Тифлис бо иттиҳоми ҷосусӣ охирҳои моҳи сентябр ташдид шуд. Дар ин ҷараён беш аз 4 ҳазор атбоъи Гурҷистон аз Русия ронда шудаанд. Намояндагии вазорати кори Тоҷикистон шумораи муҳоҷирони рондашудаи тоҷик аз Русияро наздик ба 5 ҳазор мегӯяд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG