Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти мардум дар пайи боришоти зиёди барф


Субҳи рӯзи душанбе (4 декабр) дар истгоҳҳои роҳи марказӣ ва атрофи Душанбе мардуми зиёде мунтазири нақлиёт буданд. Дар роҳҳо маршруткаҳои пуродам ба чашм мерасид, ки дар бархе аз истгоҳҳо манъ накарда мегузаштанд.

«Қариб ду соат дар истгоҳ истодам. Базӯр дар автобус савор шудам. Маршрутка нест, троллейбусҳо ҳам имрӯз намегарданд. Роҳҳо бисёр ифлосанд, барфи бисёр боридааст.»

Масъулини идораи нақлиёти шаҳрдории Душанбе иллати камии васоити нақлияро дар пойтахт дар камбуди нирӯи барқ медонанд. Абдулло Абдулов, сардори идораи нақлиёти пойтахт:

«Маршруткаҳо аксарашон шахсианд ва мо онҳоро маҷбуран ба роҳ бароварда наметавонем. Барқ, ки кам аст, троллейбусҳо камтар шудаанд, аммо мо ба ҷойи онҳо автобусҳоро сафарбар кардаем ва ҳеҷ мушкили ҷиддӣ нест.»


Барф сардӣ меорад ва сардӣ чанд мушкили дигар барои мардум


Ронандаи яке аз маршруткаҳои хатти сайри марказ ва канори шаҳр, ки худро Музаффар Шарифов муаррифӣ кард, мегӯяд, бино ба тоза нашудани роҳҳо аз барф, вай имрӯз аз вақти муқаррарӣ, се соат дертар ба кор баромадааст:

«Саҳар бисёр душвор буд, барои ҳамин ман ба кор набаромадам. Ҳоло беҳтар шудааст, роҳҳоро аз барф каме тоза кардаанд.»

Сайфиддин, ронандаи таксӣ мегӯяд, дар чунин рӯзҳои сербарфу сард, одатан кори ӯ омад мекунад, зеро мардум бино ба набуди воситаҳои нақлиёти байнишаҳрӣ маҷбур мешаванд, ки аз хидмати такси истифода кунанд:

«Бале, дар чунин рӯзҳо кори мо хуб мешавад, аммо рондани мошин дар чунин шароит душквор аст. Ҳамаи роҳҳоро тоза накардаанд, чунки техника намерасад.»

Дар баъзе хиёбонҳои пойтахт аз бори вазнини барф дарахтҳои шикаставу ба рӯйи пиёдароҳ ва роҳҳои мошингузар фурӯрехтаро низ метавон вохӯрд. Дар назди даромадгоҳи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 10, дар маркази Душанбе, дарахти бузурге шикаста афтодааст. Ба гуфтаи раҳгузарон, хайрият аст, ки ин дарахт шабона шикастааст, на субҳ, вақте хонандагон ба мактаб меоянд.

Назокатшоҳ Сайёрабеков, корманди дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, феълан, дар пайи боришоти барф, ҳеҷ як ҳодисаи фавқуллодаи табиӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе ба радиои Озодӣ хабар дод, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси ҳукумати шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз мушкилоти дар пайи боришоти барф дар пойтахт ба миён омада ва роҳҳои саривақтиии ҳалли онҳоро дар як ҷаласаи изтирорӣ ба баррасӣ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG