Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навидҳо аз Доҳаву аз Таллинн


Дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ ҷараён дорад. Пас аз ҷамъбасти се рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи ин бозиҳо дар риштаҳои мухталиф варзишгарони 21 кишвари қора соҳиби медалҳо гаштаанд.

Тими мунтахаби Чин бо касби 51 медал - 31 тилло, 12 нуқра ва 8 биринҷӣ дар мақоми нахуст аст. Мунтахаби Ҷопон бо 27 медал, минҷумла 7 медали тилло дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. Тими мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо 26 медал, аз он ҷумла 4 медали тилло мақоми севвумро касб кардааст. Тими мунтахаби Қазоқистон, ки ҳамагӣ 12 медал - 4 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст овардааст, дар ҷойи чаҳорум мебошад. Ҳамчунин боз ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Туркманистон бо 1 медали нуқра дар ҷойи 17-ум ва Узбакистон бо 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 18-ум қарор доранд.

Вале тимҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳоло медал ба даст наовардаанд. Ёдовар мешавем, гурӯҳи аввали варзишгарони тоҷик дар риштаҳои волейбол, таэквон-до, тенниси рӯи миз, бокс, гуштии дзюдо, теннис, тирандозӣ ва софт-теннис рақобат дорад. Гурӯҳи дигари варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқот аз рӯи барномаи ин бозиҳо дар риштаҳои варзиши сабук, гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ, камонварӣ, қаиқронӣ ва каратэ-до рӯзи 5 декабр ба Қатар сафар хоҳад кард.


Ва як хабари дигар. Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар кори конфронси ҳисоботию интихоботии Кумитаи байналмилалии Олимпиадаи махсус дар пойтахти Эстонии - шаҳри Таллинн ширкат кард.

Дилбар Шарифова, раҳбари Special Olympic ё Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар конфронс ба ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои махсуси тобистонаи умумиҷаҳонии олимпии соли 2007 дар шаҳри Шонгҳойи Чин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Бар асоси саҳмияи муайянкардаи Кумитаи байналмилалии Олимпиадаи махсус дар ин бозиҳо ширкати 27 варзишгари маълули тоҷик дар риштаҳои футбол, тенниси рӯи миз, варзиши сабук ва гуштии озод дар назар аст.

Ба гуфтаи хонум Шарифова дар конфронси шаҳри Таллинн Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон барои рушди барномааш бо муҷаввизи Олимпиадаи махсуси байналмилалӣ сарфароз гардид.
XS
SM
MD
LG